НАСИМИ БОДИ НАВРӮЗӢ
Бо шукргузорӣ аз фазои ором ва истиқлолияти комил имрӯзҳо мардуми шарифи тоҷик эҳёи анъанаҳои ниёгонро ҳадафи аслии хеш қарор доданд. Маҳз дар даврони истиқлолият бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои Сада, Меҳргон ва Тиргон аз нав эҳё гардида, Наврӯзи оламафрӯз мақоми ҷаҳонӣ касб намуд. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ ва фарҳангӣ бармеояд, пайдоиши Наврӯз ба замони шоҳ Ҷамшед марбут буда, панҷуним ҳазор сол инҷониб ҳамчун рӯзи хуҷаста ва ҷашни шодиву нишот таҷлил мегардад. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидони тамаддуни халқҳо ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму оин, фарҳагу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Эронитаборону тоҷикон ин ҷашнро аз қадим, хусусан дар давраи давлатдории Ҳахоманишиён ва Сомониён васеъ ҷашн мегирифтанд. Дар бораи пайдоиши Наврӯз дар китобҳои Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ, Осор – ул – боқияи Берунӣ ва Наврӯзномаи Умари Хайём ба таври муфассал омадааст. Боиси хушнудист, ки ҷашни ниёгони моро СММ дастгирӣ намуда, барои ҷаҳонишавии он рухсат дод.Аз ин рӯ, Наврӯз ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад. Наврӯз дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи хеш бурду бохти зиёдеро аз сар гузаронда, ҳамчун рамзи безавол бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ то имрӯз ҳангоми аз бурҷи Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид шудани офтоб ва фарорасии рӯзи эътимоди баҳорӣ бо номҳои иди нав, рӯзи нав, оғози сол, эҳёи табиат ва бедории замин, аз канорҳои Вароруд то Халиҷи форс ҷашн гирифта мешавад.
Аз соли 2010 Наврӯзи хуҷастапай бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ эътироф гардид, ки имрӯз дар сартосарии ҷаҳон бо шуқӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯзи хуҷастаро метавон ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард. Дар асрҳои гузшта, мардуми Ҳисору Қаротоғ, Истарвшану Хуҷанд ва Самарқанду Бухоро пеш аз ҷашни Наврӯз косаю табақ, кӯза ва дигар зарфҳои лабпаридаю ҷағовардаро шикаста мепартофтанд. Ин чунин маънӣ дошт, ки ҳамаи шикасту рехти зиндагӣ бо соли кӯҳан бебозгашт биравад ва мардум дар соли нав бо ин роҳ орзуи тандуристиву зиндагии бешикастро таманно мекарданд.Дар айёми Наврӯз халқи тоҷик навъҳои мухталифи хӯрокворӣ ва таому нӯшокиҳоро омода намуда, рӯи сурфаи идона мегузоранд. Таомҳои хоси баҳорӣ бештар омода мегарданд, ки аз гиёҳҳои хушмаза ва амвои ғаладона пухта мешаванд. Дар қисми зиёди навоҳии Тоҷикистон аз гандуми куфта, нахуд, лубиё ва баъзе гиёҳҳои хуштамъ, хӯрокҳои маъмулии Наврӯзӣ омода менамоянд, вале дар ҳама ҷо онро ба як маънӣ ном намебаранд. Масалан: Дар Кӯлоб «Далда», Дар Яғноб «Кашк», дар Бадахшон «Боҷ» истифода мекунанд. Суманак як навъ хӯруши Наврӯзӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза разми эҳёи табиат, тандурустӣ ва зебогиву осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.
Яке аз омилҳои хоси Наврӯзӣ оростани дастархони «Ҳафтшин» ва «Ҳафтсин» мебошад. Ба ақидаи баъзе олимон дар давраи ҳукумронии Сосониён ба 7-табақ, ки онро Эрониён Синӣ меноманд, намунаи 7-неъмати табиат мениҳоданд, ки номҳои гуногун доштанд ва ҳар як неъмат як рамзи муайянеро ифода мекард. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки таъбири «Ҳафтсин» аз ҳамин ҳафт синӣ, яъне ҳафт табақ ба вуҷуд омадааст. Наврӯзро бо баргузор намудани мусобиқаҳо, аз қабили: гуштингирӣ, шамшербозӣ, аспдавонӣ, бандкашӣ, хурӯсҷангандозӣ, аз болои оташ паридан, бузкашӣ, пухтани таомҳои миллии ниёгон ҷашн мегиранд. Писарбачаҳо ва гулдухтарон ба кӯҳ баромада гулу гиёҳҳои баҳорӣ мечинанд. Кинаю кудуратро аз дилҳо берун афканда, якдигарро мебахшанд. Гирду атрофи биноҳо, кучаҳо ва ҷуйборҳоро тоза мекунанд. Духтарон куртаҳои атласу чакан ва тоқиҳои гулдузӣ ба бар менамоянд. Писарон бошанд, ҷомаю қабоҳои ба Наврӯз хос мепӯшанд.
Наврӯз ҳамчун садафи пурҷило ва рамзи устувори тамаддунҳо ҳамеша муҳофизатгари миллат, забон, расму оин, фарҳангу таърих мебошад. Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ватан Наврӯзи аҷам дар тобиши тоза эҳё ва ҳамчун арзиши гаронмояи башарият соҳибмақом гардид. Наврӯз ҳамчун як омили таҳкими ҳувияти миллӣ ва пайвандгари халқу қавмҳои гуногуни ҷаҳон ба шумор меравад.
Зарипов А.Р.- н.и.т.дотсент, мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ
Таибов С.А. – ассистенти кафедраи стоматологияи ортопедӣ