НУРИ НЕКӢ: ЧЕҲРАИ ЯК ИНСОНИ НАКУКОР


НУРИ НЕКӢ: ЧЕҲРАИ ЯК ИНСОНИ НАКУКОР

Ҷӯра Инъомзодаро дар мамлакат як инсони накукор, соҳибмаърифат, хокосру ҳалим, табиби ҳозиқ, абармарди майдони сиёсат, соҳибэҳтиром, ахтаре дар осмони илму адаб ва чороғе дар олами тибби ниёгон мешиносанд. Хоксориву фурӯтанӣ ин марди хирадро боз ҳам дар дилу дидаи ҳамкасбону шогирдон ҷой намудааст. Ҳаёту фаъолияти чандинсолаи Устод чароғеро мемонад, ки дар торикӣ ба роҳи пурпечутоби ҳаёти ҷавонон равшанӣ мебахшад. Ҳақ бар ҷониби шоири бузур Иқболи Лоҳурӣ, ки дар васфи  кору пайкори чунин шахсиятҳои дилдодаи олами маънавӣ, ки саропо ибратомӯз аст, фармудаанд:

Зинндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,

    Дар диле шуъла фурӯ рафтану нагдохтан аст.

Мақсади зиндадилон хоби парешонӣ нест.

К-аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст.

Ҳанӯз чанд сол пеш рӯзномаи “Asia-Plus” дар мақолае таҳти унвони “Министр военного времени”  фидокориҳои устод Ҷӯра Инъомзодаро дар роҳи барқарор намудани Ваҳдати комили миллӣ  ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ чунин ба қалам додаанд: “Он лечил людей в районной больнице и занимался наукой, был главврачом и поднялся до министерского кресла, защищал права медработников и раздавал гуманитарную помощь пострадавшим, а ныне воспитывает новое поколение врачей”.

Бешак дуруст ва пӯшида нест, ки дар он айёми мудҳиш кам одамоне ҷуръат доштанд, ки вазифаи роҳбариро бар зима гиранд. Аммо Ҷӯра Инъомзода дар он рӯзҳои вазнин, ки бемориҳои гуногуни сироятӣ аз нарасидани ғизои солим домангири мардум буд, халқу ватанашро танҳо намегузошт. Дар баробари табиб будан Ҷӯра Инъомзода ҳамчун ходими ҷамъиятиву сиёсӣ ба ҳайси вазири тандурустии мамлакат дар Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихори баланд иштирок намуда, шиори “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳ барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро ниссор мекунам”-и фарзонафарзанди миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар он маъракаи сиёсӣ садо дода буд,  ин марди ҳақиқатҷӯйро  ба ояндаи дурахшони кишвар  умедвор сохт. Ва албатта ҳамин хел ҳам шуд. Ҳоло устоди гиромӣ бо шукригузорӣ аз Истиқлолу озодӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва фазои орому беғубори кишвар аз он рӯзҳои мудҳиш барои шогирдон ёдоварӣ менамояд ва онҳоро пайваста ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва хизмат ба халқу Ватан ҳидоят менамоянд.

Инъомзода Ҷӯра Инъом 18-уми марти соли 1943 дар шаҳри Конибодом чашм ба олами ҳастӣ кушода, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна сазовори унвони донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ҳоло Донишгоҳ) гардиданд. Соли 1966 ин боргоҳи маърифтаро бо сари баланд хатм намуда, фаъолияти меҳанатии хешро аз табиби муолиҷавии минтақавии Беморхонаи марказии зодгоҳашон шурӯъ менамояд.   Пайроҳаи илму дониш ин ҷавонмардро ба сӯйи пойтахт роҳнамун сохт ва шавқу рағбати илмомӯзӣ ба олими ҷавон даст дод, ки аввал ҳамчун ординатори клиникӣ ва сипас дар бахши апирантура таҳсил намояд. Дар баробари пеш бурдани фаъолияти табибӣ Устод Инъомзода Ҷ. И. корҳои педагогиро низ сармашқи кори рӯзмарра қарор дода, дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавоон саҳми назаррас гузоштанд.  Солҳои 1972-1976 ассистенти кафедраи терапияи факултавӣ ва госпиталии Донишгоҳ, инчунин табиби муолиҷавӣ шуда кор мекарданд. Ҳангоми кору фаъолияти муваффақона дар пойтахти мамлакат хизмат ба сокинони зодгоҳашро низ фаромӯш намекарданд. Соҳои 80-уми асри гузашта Устод ба ноҳияи Конибодом (ҳоло шаҳр) баргашта, фаъолияти хешро дар вазифаҳои ҷонишини сартабиби Беморхонаи марказии ноҳия, табиби муолиҷавии Беморхонаи вилоятии шаҳри Ленинобод (ҳоло шаҳри Хуҷанд) ва сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Конибодом давом медоданд.

Дар солҳои охири ҳукумати собиқи Шуравӣ (1988-1990) Инъомзода Ҷӯра Инъом ба вазифаи пурмаъсули ҷонишини аввали Вазири тандурустӣ таъйин гардид. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва оғози кашмакашиҳои сиёсӣ масъулияти вазнини роҳбарии Вазорати тандурустӣ ба зиммаи ин олими сахткӯшу серғайрат гузошта шуд. Пӯшида нест, ки баъзе мутахассисон дар он солҳо рӯйи рост аз ин вазифаҳои пурмасъулу заҳматталаб ва аз тарси ҷон худдорӣ мекарданд ва ҳатто тарки Ватан низ карда буданд.

Давоми солҳои 1993-1995 айёми авҷи бесуботиҳо, устод Инъомзода Ҷ. И. дар вазифаи муовини директори  Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият мекарданд. Солҳои 1995-1996 раиси Кумитаи марказии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии мамлакат ба зиммаи ин шахси кордону оқил вогузор карда шуд. Ин давраи душвортарини даврони фаъолияти устод буд, зеро ваҳшиёна ба қатл расонидани ҳамкасбону дӯстони ҷонии устод, профессорон Ю. Б. Исҳоқӣ ва М. Ғ. Ғуломов ин шахси инсондӯстро афрсурдаю рӯафтода намуд. Аз як тараф аз даст додани шахсиятҳои нотакрору олимони барҷастаи илми тибби тоҷик, аз тарфи дигар фироқи дӯстони наздик  ва сонӣ ҳамчун роҳбари Иттифоқи касабаи кормандони бахши тандурустии кишвар ин талафоти бузургро барои илми тибби тоҷик хеле сахт ва андӯгин қабул мекард.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои олимони дилдодаи илму маърифат шикаст хӯрдан ин таслим шудан ба душманони миллат ҳисоб меёфт. Пас Устод бо қалами тез ва  теғи буррои пизишкӣ аз нав ба майдони илму дониш ворид гардида, дар вазифаҳои гуногуни мудири кафедраи тибби оилавӣ, дотсенти кафедра кор карда, аз соли 1996 то соли 2006 вазифаи президенти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро  низ бар дӯш доштанд. Муаллифи зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ ва 20 дастури таълимию методӣ мебошанд.

Номзади илмҳои тиб (1972), дотсент (2007), табиби муолиҷавӣ ва ташкилотчии тандурустии дараҷаи олӣ ва Аълочии тандурустии Тоҷикистон (1996) мебошанд.    

Ду маротиба депутати Шурои шаҳрии халқӣ, узви КМ Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва КМ иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви КМ Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, коршиноси масъули Маркази байналмилалии ҳифзи тандурустии Донишгоҳи Бостон (ИМА,. 1994) аз шӯҳратёр будани устод Инъомзода Ҷ. И. дар дохилу хориҷи мамлакат дарак медиҳад. Барои хизматҳои шоён Устод бо медали “Хизмати шоиста”(2002) ва “Салиби тилло”-и Салиби Сурхи Фин (2000) қадрдонӣ  гардидааст.

Дар рӯзи фасли баҳори нозанин ва таҷлили ҷашни Наврӯзи аҷдодӣ рост омадани зодрӯзи фарзанди сазовори миллат, шахси матинирода ва хоксору фидоии касби табибӣ  гувоҳ аз дилу нияти пок ва садоқати гарму самимӣ доштани Устоди устодони бахши тандурустии маамлакат Инъомзода Ҷӯра Инъом мебошад.

Ҷашни зодрӯзу Наврӯзи байналмилалиро ба Устоди азизу гиромӣ аз номи Раёсати Донишгоҳ, Иттифоқи касабаи кормандон, кулли шогирдон ва шахсан аз номи худам сидқан табрику муборакбод намуда, барои устод саломатии бардавом, камолии умри фарзандону шогирдонро аз даргоҳи Яздони пок дар талабонам.

Зодрӯзи наку ва солгарди мубораки ҳаёти ибратомӯзатон муборак бошад Устод Инъомзода Ҷӯра Инъом!

Абдураҳмонов З. В.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Хадамоти ректори Донишгоҳ,

Ёдгорова М. Ҷ.-мудири кафедраи тибби оилавӣ


19.03.2025 300

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php