ЛИБОСИ МИЛЛӢ –ОИНАИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ АСТ
Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 ба номи профессор Аминов Ҳ.Ҷ. дар доираи аксияи “Тоҷикона мепӯшем”чорабинии фарҳангӣ бо намоиш ва тарғиби либоси миллӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯдухтарон фаъолона иштирок намуданд.
Ин иқдом ҳамасола бо мақсади тарғиб ва муаррифии либоси миллӣ амалӣ мешавад, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ тоҷиконро ба фарҳанги хоси шарқиашон эътироф ва эҳтиром мекунанд.
Пӯшидани либоси миллӣ аз тақлид ба фарҳангу бегона пешгирӣ мекунад.
Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1-и ба номи профессор Аминов Ҳ.Ҷ.