ТАНТАНАИ НАВРӮЗӢ ДАР КАФЕДРАИ ТИББИ ҲАРБӢ
Санаи 17.03 соли ҷорӣ дар кафердаи тибби-ҳарбӣ бо иштироки афсар-омӯзгорон, омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва донишҷӯён чорабинии идона бо оростани хони Наврӯзи бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам гузаронида шуд.
Сардори кафедра полковники х/т Пулотзода С.М. зимни суханронӣ иштирокчиёни чорабиниро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, изҳор доштанд, ки дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишвар имкон пайдо намуданд, ки ҷашну маросимҳои миллии хешро дар фазои орому осудаи Тоҷикистони маҳбуб таҷлил намоянд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯёни факултети тиббӣ дар васфи Наврӯзи оламафрӯз маърӯзаҳо ироа намуда, шеърҳо қироат карданд.
Барномаи фарҳангӣ ба чорабинии идона ҳусни хотима бахшид.