БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ МАРДУМШИНОСӢ ВА БОСТОНШИНОСӢ


БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ МАРДУМШИНОСӢ ВА БОСТОНШИНОСӢ

Ба хотири арҷ гузоштан ба таърихи ппурғановати миллати тоҷик таҳти роҳбарии ассистенти кафедраи физиологияи нормалӣ Абдувалиева М. А. донишҷӯён аз  Осорхонаи мардумшиносӣ ва бостоншиносӣдидан намуданд.  Осорхона дар асоси фондҳои этнографӣ, бо ташаббуси олими таърихшинос-этнограф М.С. Андреев соли 1926  таъсис ёфтааст.  Осорхона коллексияи таърихӣ, фарҳангӣ ва этнографиро дарбар мегирад. Мақсади асосии он ҷамъоварӣ, нигаҳдории  ашёҳои марбут ва халқияти мардуми Тоҷикистон аст.

   Коллексияи Осорхона тақрибан 11 ҳазор экспонатро дарбар мегирад, ки оиди тафсифи  ҳаёти анъанавӣ, рушди санъати халқии амалӣ, истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги моддӣ ва маънавии тоҷикон мебошад, Экспонатҳои Осорхона ашёи мӯътабаре мебошанд, ки дар истифодаи ҳамарӯза, идона ва маросимии тоҷикон васеъ истифода мешуданд, ифодаи урфу одати халқи тоҷик, шахсияти мардуми ватандӯстдор, таҳияи акси этникии он ба назар мерасад.

   Дар Осорхона донишҷӯён бо якчанд намуди  ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла бо асбобҳои мусиқӣ, нақшу нигор, қолинҳо,  қуроқҳо ҳунари дастии мардуми тоҷик шинос шуданд.

                             

Кафедраи физиологияи нормалӣ


18.03.2025 292

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php