ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ ДДАР КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ЛОТИНӢ
Санаи 17-уми марти соли ҷорӣ дар кафедраи забони лотинӣ бахшида ба Наврӯзи Аҷам чорабинии тарбиявӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯён оиди таърих ва пайдоиши Наврӯзи оламафрӯз маълумот доданд. Бояд гуфт, ки замони пайдоиши Наврӯз ба дурустӣ маълум нест, аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар тамоми марзу буни ҷумҳурии азизамон Наврӯзи хуҷастапайро ҷашн мегиранд.
Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, махсусан, ба фарҳанг ва либоси миллӣ аз ҷумлаи чакану атласу адрас, ки ба мо тоҷикон хос аст арҷ гузорем.
Кафедраи забони лотинӣ