ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ


ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Саҳни Донишгоҳ имрӯз фазои идона дорад. Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва муҳассилин субҳи барвақт бо хурсандии идона ҳамдигарро ба муносибати ҷашни аҷдодӣ-Наврӯзи Аҷам табрику муборакбоод менамоянд. Шиорҳои тараннумкунандаи фалсафаи наврӯзӣ, суманак, намоиши ҳунарҳои дастӣ, хони наврӯзӣ  ва либосҳои миллии бонувон ва ҷавондухтарони Донишгоҳ ба ҷашни донишгоҳӣ таровати тозатар замм менамояд.

Ба ифтихори ин ҷшни ниёгон бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назди бинои асосии Донишгоҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯён ва хони наврӯзӣ дидан намуда, сипас кулли иштирокдоронро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуданд. Роҳбарияти донишгоҳ иброз дошт,  ки миллату халқиятҳои гуногуни олам аз қадим то имрӯз вуруди фасли зебои баҳорро ҳамчун нишона аз оғози рӯзгори нав, эҳёи табиат ва болидагии рӯҳу равони инсони зиндагисоз бо хушнудию фараҳ ва дилгармию умед ба ояндаи нек ҷашн гирифтаанд. Наврӯз ҳамчун як ҷашни миллӣ таърихи беш аз 6000 - сола дошта, айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кори баҳорӣ ба ҳисоб меравад ва аз ин ҷост, ки онро Иди баҳор ва арӯси сол низ мегӯянд. Боиси ифтихор аст, ки аҷдодони мо дар радифи ин таҳаввулотҳои зиндашавии оламу одам дар гузаштаи дур ҷашнеро бо номи Наврӯз эҷод намудаанд, ки то рӯзгори мо моҳияти азалии хешро гум накарда, бо гузашти қарнҳо шукуҳу шаҳомати бештареро ба худ касб менамояд. Унсурҳои фарҳангӣ, арзишҳои маънавӣ ва паёмҳои инсондӯстиву табиатдӯстонаи он аз сарчашма ва манбаъҳои қадимаву бостонӣ оғоз гашта, дар давоми таърихи башарият меҳру муҳаббат ва маҳбубияти худро дар назди қавму миллатҳои ҷаҳон аз даст надодаанд. Аз ин ҷост, ки Наврӯзи оламафрӯзро аз замонҳои куҳан то ба имрӯз тамоми мардуми фарҳангии дунё ба хушнудиву хуррамии том истиқбол ва тараннум намудаанд.

Аз ҷониби ректори Донишгоҳ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ба як қатор омӯзгорону муҳассилин ва садорати факултетҳо барои фаъолияти назаррасашон ифтихорномаю сипосномаҳо дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳунарии “Шифо” бо созу навои идона табъи иштиркдоронро шоду масрур гардониданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


155
15
13
12
11
10
8
7
6
5
4
3
2
1
18.03.2025 300

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php