ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР
Бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани тавваҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд. Пешниҳоди Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун “Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалӣ амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об”ва инак, пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби ҷомеиаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтаанд.
Ташабуссҳои Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушду устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меорад. Яке аз вижагиҳои санади нав ҳамгироии ҳадафу вазифаҳои марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад, ки се пояи асосии рушди устуворро ташкил медиҳад.
Ҳадафи шашуми ҳадафҳои рушди устувор ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст. Ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти масъалаҳои сифати об, истифодаи самаранокии он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун кишвари пешоҳанг ва ташабусскори калиди мавзӯи об шинохта шудааст. Мувофиқи ҳисоботҳои пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%-ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад. Аз ин рӯ, ин гавҳари табиатро бояд сарфакорона истифода бурд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеяти он ҷаҳони зиндагониро таровату зебои ва сарсабзу озодаги мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракати ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебаранд. Инчунин, одам бо роҳҳои обӣ заврақу кишти ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёти электрикӣ ҳосил мекунад. Кори ягон соҳаи саноат ба пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани қоғаз, собун, нонпазӣ,нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.
Инсон бе об зиндаги карда наметавонад. Ҳатто 70% вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва хайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сару кор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гийёҳ намеруяд. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадмимулайём дар китобҳо низ об чун манбаи асосии ҳайёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷулоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Модоме ки асосии зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин неъмати бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин мӯъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:
Зи ҷӯе,ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок,
Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин мӯъҷизаи бузург қарҳи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои оламӣ ҳастист.
Тағойқулов Э.Х.-мудири кафедра
анатиомияи патологӣ