АЛАМИ ДАВЛАТИ НАВРӮЗ БА САҲРО БАРХОСТ!


АЛАМИ ДАВЛАТИ НАВРӮЗ БА САҲРО БАРХОСТ!

Санаи 17-уми марти соли ҷорӣ дар кафедраи физиологияи патологӣ маҳфили фарҳангӣ-тарбиявӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи Аҷам бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён баргузор гардид. Сараввал мудири кафедра н.и.т., дотсент Тоштемирова З.М. ҳамагонро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ин ҷашни фархундаро мероси ниёгон маънидод карданд. Донишҷӯёни курси сеюми факултети тиббӣ бо роҳбарии ассистенти кафедра Ҷалилов К.С. маҳфилро омода намуда, бо пешниҳоди маърӯзаҳо, шеърҳо ва рақсу суруд табъи ҳозиринро болида сохтанд. Аз ҷумла зикр гардид, ки  “Тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим бо як шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз ҷашни баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, боғдорӣ ва накӯкорию эҳсонкорӣ мебошад. Худ калимаи Наврӯз ба маънои “рӯзи нав” буда, дар оғози баҳор ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни оламафрӯз рамзи оғози соли нав аз рӯи тақвими офтобӣ буда, таҳаммулпазирӣ, ҳамоҳангӣ бо табиат ва идомаи анъана ва наслҳоро ифода мекунад”.

       Хуршеди оламафрӯз бидҳад саломи Наврӯз.

Бин, боди бомдодӣ орад паёми Наврӯз.

Сӯи чаман нагаҳ кун мурғони хушсадоро,

Аз лаҳни андалебон ояд каломи Наврӯз.

Аз накҳати баҳорон олам муаттар ин дам,

      Гулбез бар машомам ҳар субҳу шоми Наврӯз.

Кафедраи физиологияи патологӣ





17.03.2025 266

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php