ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ВАЗИФАИ ДАСТАҶАМЪОНА АСТ


ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ВАЗИФАИ ДАСТАҶАМЪОНА АСТ

Санаи 17-уми марти соли ҷорӣ дар толори калони Донишгоҳ бо иштироки ҳайати роҳбарикунанда,, мудирони кафедраҳо ва доираи васеи хатмкунандагон машварат-вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Кори машварат бо суханони ифтитоҳии ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ оғоз ёфта, таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати комили миллӣ Тоҷикистони маҳбуб ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Мутаасифона амалҳои нангине ҳастанд, ки метавонанд пояи Истиқлоли давлатиро суст намоянд ва ҳатто ба нобудшавии давлату миллат низ бурда мерасонанд. Ин амали номатлуб коррупсия буда ба он бояд дастаҷамъона мубориза барем. Роҳабарияти Донишгоҳ изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷамъ овардани хатмкунандагон аз он иборат аст, ки шумо фардо ба ҷойи нави корӣ меравед ва бояд бо дилу нияти пок ба муассисаи тандурустӣ қадам монед ва амалан дарк намоед, ки вазифаи аслии шумо табобати бемор асту на чизи дигар...

Муқимӣ Нигорахон-сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш ба таърихи коррупсия ишора намуда, решаи онро дар умқи таърих нишон доданд. Аммо, иттилоъ дода шуд, ки ин амали нангин на мероси таърих будаа, балкӣ ба ҷузъ бадбахтӣ чизи дегареро дар пай надорад. Таърих гувоҳ аст, ки коррупсия танҳо ба аз байн рафтани давлату миллатҳо “мусоидат” мекунаду халос. Дар идомаи суханронӣ мавссуф хатмкунандагонро ба хизмати софдилона ба халқу Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамкорӣ намудан бо мақомотҳои ҳифзи ҳуққуқ дар роҳи решакан намудани ин амали нанговар ҳидоятҳои муфид доданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


3
2
1
17.03.2025 254

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php