РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ: МО ЯК РАВИЯ ДОРЕМ ВА ОН ҲАМ ТАБОБАТИ МАРДУМ АСТ
Таҳти чунин шиори ҳикматомӯз ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ вохӯрии навбатии хешро бо хатмкунандагон баргузор намуданд. Роҳбарияти Донишгоҳ зикр доштанд, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир аз қабили манфиатҳои геопалитикӣ, хатарҳои афзояндаи терроризм ва экстремизм ба амнияти ҷомеа, ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳар як инсони солимфикрро зарур аст, ки қадру қимати Истиқлоли давлатиро ҳифз намояд ва сулҳу суботи сиёсии ватани хешро бо чашми нек мушоҳида намояд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки фазои орому осудаи кишвар имрӯз имконият фароҳам овардааст, ки ҳарчӣ зиёдтар омӯзем ва ба халқу Ватан хизмати софдилона намоем, зеро барои табиб танҳо як роҳ ва равия вуҷуд дорад ва он табобати мардум аст.
Дар идомаи суханронии хеш ректори Донишгоҳ аз хатмкунандагон даъват ба амал оварданд, ки баъди хатми Донишгоҳ ба зодгоҳашон барагарданд ва рисолати хешро дар назди сокинон бо сарбаландӣ иҷро намоянд.
Муроҷиати саривақтӣ ҳангоми ба амалҳои коррупсионӣ рӯ ба рӯ шудан, мушкилот дар самти омӯзиш, тайёрии ҳамаҷониба ба имтиҳоноти давлатӣ аз масъалаҳое дигаре буданд, ки роҳбари Донишгоҳ дар вохӯрии озоди хеш бо донишҷӯён баррасӣ намуда, барои риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ ва иҷрои дастуру супоришҳо масъулинро муваззаф намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа