ТАҶЛИЛИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз, (21.02.2025) дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ бо иштироки доираи васеи ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини Донишгоҳ бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ иштирокдоронро ба ин санаи муҳими таърихию сиёсӣ табрику муборакбод намуда, изҳор доштанд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввал дар ҷойгоҳи хоса қарор дошт. Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид. Дар ин раванд, яъне замоне, ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷои дорои маҳорати баланди касбиро ба роҳ монданд. Дар он давра, саъю талоши Ҳукумати мамлакат, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва омода намудани мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос равона карда шуд.
Хушбахт Кишваршо Султон-Генерал-майор, сардори Раёсати Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш аз солҳои аввали таъсисёбии Қушунҳои сарҳадӣ ва нақши онҳо дар таъмини амният ва суботи сиёсӣ изҳори андеша карда саҳми марзбонони шуҷои Ватанро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз самараи Қушунҳои сарҳадӣ ва дигар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар буд, ки имрӯз дар мамлакат фазои орому осуда ҳукмфармо аст.
Пирзода Ҷовид-муовини сардори Раёсати ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр намуданд, ки маҳз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба ҷониби қувваҳои даргир дар солҳои 90-уми асри гузашта хотима гузошта, истиқлолияти воқеии Тоҷикистони маҳбубро ҳифз намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор омӯзгорони Донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар дар таълиму тарбияи насли ҷавон ифтихорномаю сипосномаҳо ва медалҳои ҷашнии ба номи профессорон Ю.Б. Исҳоқӣ ва М. Ғ.Ғуломов дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.
Дастаи ҳунарии “Шифо” бо созу навои дилкаш ба чорабинии идона таровати тоза илова намуд.
ШУЪЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ
ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ