ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО, ПРОФЕССОР МУҲИДДИН НУРИДДИН ДАВЛАТАЛӢ БА ИФТИХОРИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Нахуст, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Бояд таъкид сохт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар даврони истиқлол таъсис ёфта, аз рӯзҳои аввал вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеаро ба дӯши худ гирифт.
Дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввал дар ҷойгоҳи хоса қарор дошт. Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид. Дар ин раванд, яъне замоне, ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷои дорои маҳорати баланди касбиро ба роҳ монданд. Дар он давра, саъю талоши Ҳукумати мамлакат, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва омода намудани мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос равона карда шуд.
Чӣ гунае, ки медонем, Артиши миллии кишвар то ба имрӯз ва ба ин сатҳ расидан роҳи пурпечутоберо тай намуд ва душвориҳои сахту сангинеро паси кард. Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвор қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд, ки ин нуктаро борҳо Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки бояд хотирнишон шуд: “Ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвар ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, заминаҳои устувори сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуданд”.
Мо омӯзгорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунем ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки дар пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи мо - сокинон ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медорем.
Хушбахтона, имрӯзҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар рисолати худ усуворона қадам гузошта истодаанд, ки мо дар чунин фазои сулҳу осоишта ба сар мебарем. Онҳо воқеан, интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хешро соҳиб мебошанд.
Ҳар яки мо ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо, яъне сулҳу осоиши мамлакат бирасед ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву садоқат ба он ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ доред. Бесабаб нест, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҷавонон пайваста чунин таъкид менамоянд: “Мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан, ҷавонон бояд инро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, шукронаи сулҳу суботи пойдори кишварро ба ҷой оваранд ва ба хотири ҳифзи осоишу оромии мамлакат саъю талош намоянд” .
Хизмат кардан ба Ватан маънои ба ҷой овардани хизмати падару модар ва ҳимоя намудани марзу буми Ватани аҷдодӣ ва тамомияти арзии Ватанро дорад.
Метавон гуфт, ки имрӯзҳо хушбахтона, дарки масъулият ва ҳисси ватанпарастии ҷавонони мо рӯз ба рӯз боло рафта истодааст.
Дар ин роҳ ҳар яки моро лозим аст, ки ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оиди вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва хатарҳои терроризму экстремизм ба кишварҳо ва дар чунин шароит ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромию суботи ҷомеа баён намудаанд, камари ҳиммат баста, паи амалигардонии он кӯшиш намоем.
Бори дигар ҳамаи ҳамватанон ва дар симои эшон тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадоронро ба ифтихори 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватан иродаи қавӣ, рӯҳи матин ва барору комёбиҳо орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад!