БА ИФТИХОРИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ҶАШНИ «АРТИШИ МИЛЛӢ»
Имсол 32- юмин солгарди Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҳар сол ботантана таҷлил мегардад. Қувваҳои мусаллаҳ яке аз шоҳсутунҳои бузурги ҳар як кишвар маҳсуб меёбад. Аз лаҳзае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун давлати демокротӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналмиллалӣ эълон намуд, аввалин коре, ки ба анҷом расонид, ин таъсиси Артиши миллӣ буд.
Артиши миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ сол аз сол қавитар гардида, бо дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ таъмин мешавад.
Ҳарчанд Артиши миллии мо ҷавон бошад ҳам вале анъаноти сипоҳдориву таълимоти ҳарбиву низомии он ҳазорсола аст.
Дар оғози пирӯзии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шароити нобуди имконоти дифоии кишвар ҳукумати Тоҷикистон бо неруи мардуми шарафманду меҳанпарасташ нахустин қисмҳои низомии артиши милии кишварро бо камтарин имконот ташкил кард ва имрӯз қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ифтихору каромат ва шарафу ифтихорро ба кишвар тақдим намуда истодааст.
Ҳар як давлате, ки истиқлолият ба даст меорад барои таъмини амният ва хифзи марзу буми худ ҳатман бояд артиши миллии худро ташкил кунад ва ҳамин буд, ки 18-уми моҳи декабри соли 1992 қарори Раиси шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Ёдовар мешавем,ки пас аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, ба вижа кишварҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи таъсиси низомӣ Артиши худро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз ҷузъу томҳои дар сарзамини мо мондаи собиқ Артиши номдору пурқудрати Шӯравӣ воситаҳои техникии мухталифи ҷангӣ ва силоҳу аслиҳаи гуногун ва муҳиммоти ҷангиро “мерос” гирифтанд. Вазъи душвори низомиву сиёсии он солҳо мутаассифона имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси ғании Артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархурдор гардад.
Ва дар як вақти хеле кутоҳ дар назди қувваҳои мусаллаҳи кишвар қитъаҳои низомӣ таъсис ёфтанд ва ба тамоми лавозими кориву хидмати низомӣ таъмин гардиданд дар як вакти бисёр кутох артиши навтаъсиси кишвар то соли 1997 ба низом дароварда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар таъсис ва рушди қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нақши собиқадорони низомии кишвар сазои таҳсин аст. Аз рӯзҳои ибтидои таъсиси артиши миллӣ кулли собиқадорони қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар воҳидҳои низоми ба кормандони ҷавон ва сарбозон таълимоти низоми дода ва таҷрибаи кории худро омухтанд ва дар тақвияти неруҳои мусалаҳ нақши бориз гузоштанд.
Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се марҳала метавон қисмат кард. Ҳадаф аз давраи аввали таъсиси Артиши миллӣ ба роҳ андохтани қуввахои мусаллаҳе буд, ки тавони таъмини истиқлолият, воҳидии миллат ва амнияти ҳаёти осоиштаи мардуми кишварро дошта бошад. Дар ин давра зербиноҳои қонуниву ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда Қонунҳо «Дар бораи дифоъ», «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии низоми » ва асноди муҳимми бунёдӣ қабул шуд.
Дар давраи дуввум нақши вижаи рушди сохторҳои ташкилию қисмҳо ва навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ – Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои низомию ҳавоӣ, таъсис ёфтаанд.
Марҳилаи саввуми сохтории Артиши миллӣ баъди ба тасвиб расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ оғоз гардид. Қатъ гардидани ихтилофот дар кишвар имкон фароҳам овард, ки Артиши миллӣ ба қави сохтани таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои ҷангию тактикӣ ва такмили омодагии ҷангии онҳо оғоз намуд.
Даврони хизмати низоми барои ҷавонони кишвар беҳтарин фурсат ва муносибтарин замоне аст, ки ҷавонони азиз ва ғаюр беҳтарин равишҳои дифоъ, таҷрибаи илмиву низоми гирифта барои ҳамеша ва то охири умр сарбоз ва муҳофизи ватан ва сарзамини худ бошанд. Мавриди зикр аст , ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар тӯли 32 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу суббот барои ҳифзи Ватан ва ҷони худро дар роҳи нангу номуси миллӣ нисор кардан тайёр буданашонро исбот кардаанд.
Тули мавҷудияти хеш Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист худро аз лиҳози моддию техники муҷаҳҳаз гардонад ва ба яке аз беҳтарин Артишҳои минтақа табдил ёбад. Имрӯз сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд, мукамал гардидааст.
Ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо дар натоиҷи иқдомоти пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар ба сохтори муташаккил ва муосири ҳарбӣ мубадал шуда , таҷрубаи омодабошии ҷангии худро такмилу тақвият бахшида, бо мутахассисони маслакии дорои таҳсилоти олии ҳарбӣ таъмин карда шуданд, ки имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи замонавӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ рисолати бошарафу муқаддаси худро садоқатмандона иҷро мекунанд.
Артиши Миллӣ ба масобаи муҳимтарин рукнҳои давлатдори буда, сипари боэътимоди мардуму миллат мебошад. Имрӯз бо бовари метавон гуфт, ки Артиши мо бо афсарону сарбозони касбӣ такмил ёфтааст ва ин фарзонамардони модарони тоҷик дар сари китф рутбаҳои гуногуни низоми доранд.
Вақте, ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.
Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахасисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба неруи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурӯҳҳои террористиву ифротгарои ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.Аз чумла сахми занон низ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар назаррас аст .Воқеан ҳам занон аз қадим дар заминаҳои мухталиф мисли раёсат,сиёсат,базму разм ,фазлу қалам корномаҳои дурахшоне аз худ ба ёдгор гузоштаанд.
Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу суббот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш зиндагии осоишта намоянд.
Абдусатторова М.А-муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, омӯзгори калони кафедраи физиологияи нормалӣ