ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ, ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ ВА САДОҚАТ БА ВАТАН - ЯКЕ АЗ ПОЯҲОИ МУҲИММИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӢ
Мавзуи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аз масоили умда дар шароити имрӯза ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки дастгириву ба ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ мамлакати ҷавонон аст. Дар замони муосири ҷаҳонишавӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ яке аз рукнҳои муҳими фаъолияти ҷомеаи мутамаддин ва таълиму тарбияи насли наврас маҳсуб меёбад. Тавассути худшиносӣ, насли наврас ва ҷавонон қобилият ва истеъдоди худро барои расидан ба ҳадафҳои ояндаи худ ва ҷамъият равона менамоянд.
Санаи 19. 02. 2025 сол дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб тибқи нақшаи мавзуӣ-тақвимии дарсҳои кураторӣ бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 1 ва 2-уми факултаи тиббӣ-профилактикӣ семинар бахшида ба мавзуи «Худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ» гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд:
Семинарро муаллимаи калони кафедра Комилова Г. И., ҳусни оғоз бахшида, қайд карданд, ки Ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарварӣ-принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ буда, мазмуни аслиашон меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои Ватан-модар аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати шахсият нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ва муҳофизат намудани Ватан он ифода меёбад. Ифтихор намудан аз пешравию дастовардҳои ватани худ, маҳфуз нигоҳ доштани хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва миллат беҳтарин сифатҳои ватандӯстӣ мебошанд. Дар тамоми давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният Ватандӯстӣ ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки яке аз мавзӯъҳои мубрами раванди таълиму тарбия мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан бар арзишҳои олии кишвар ба ҳисоб рафта, тадриси он вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ назорати ҷиддӣ мебарад. Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳои ҷумҳурӣ, ҳимояти марзу буми кишвар ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллати ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Вобаста ба ин, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии азизамон бояд барои абадан пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолияти миллӣ саҳмгузор бошад. Садоқат ба Ватан, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ибораҳое мебошанд, ки барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дарки маънии он вазифаи ҷонӣ мебошад. Ин аст, ки таваҷҷӯҳи амиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханварониву мақолот ва осори илмии хеш ба ҳамин масъалаи муҳим дар навбати аввал даъвати на танҳо мардуми кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарки воқеии ин ҷавҳари фалсафаи умумибашарӣ ба шумор меравад. Бо дарназардошти маърифати моҳият ва аслу бунмояи таълимоти тамоми динҳои ҷаҳонӣ дар суханронии хеш дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи Тоҷикистон дар остонаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон хеле бамаврид таъкид доштаанд, ки «Ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддунҳои башарият ҳанӯз аз аҳди бостон то ба замони нав дар роҳи ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо тарбияи инсони комил ва солеҳ будааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад». Маърифати дурусти Пешвои миллат аз ин муаммои мубрами замони муосир шарҳи воқеияти он аст, ки имрӯз бояд як миллати воҳид ё мардуми ҷудогона ба танҳоӣ дар роҳи ҳаллу фасли ин муаммои умумибашарӣ қадам бардорад, балки тамоми башарият дарк намояд, ки натиҷаи ношинохтагии ҳамин ваҳдату ҳамдилии миллату халқиятҳо чӣ дар сурати муборизаи абарқудратҳо чӣ мушкилоте бар сари инсоният оварда, ба таъбири роҳбари давлати “вазъи зиндагонии олитарин ҷавҳари офариниш – инсонро дар гаҳвораи ӯ рӯз ба рӯз мушкил мегардонад”. Аз ин рӯ, дар меҳвари андешаҳои Пешвои миллат ин дастур ва ҳидояте қарор мегирад, ки бар асоси он муносибати ҳар яки мо ба чунин вазъияти ба амал омада ва ҷустори роҳу равиши раҳоӣ аз он мушаххас шудааст: “Чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор бар сурати густариш ёфтани ҷуғрофиёи экстремизм ва терроризм дар ҷаҳон, афзоиши бемориҳои сироятӣ, дар мисоли нуфузи бемории норасоии маснуияти бадан, камбуди оби нӯшокӣ ва асари он бар рӯзгори миллионҳо нафар афроди сайёра шарҳу тафсир ёфтааст, ки ҳосили он барҳақ бар сари худи инсоният фоҷиаҳои фаровонеро эҷод кардааст. Танҳо бо сабаби нарасидани оби нӯшокӣ дар сайёраи замин ҳамасола азият кашидани 1 миллиону 400 нафар кӯдак ва дар ҳар дақиқа фавтидани як нафар аз онҳо, мушкилоти беш аз 800 миллион аҳолии олам бар асари камбуди ғизо, аз Ватан маҳрум шудани 70 миллион аҳолии сайёра дар таъсири ҷангҳои фарогири ҷаҳони имрӯз дар шумори бузуртарин муаммоҳои инсоният ба шумор мераванд, ки бояд тамоми ҷомеаи ҷаҳон дар ҳаллу фасли мусолиҳатомези ин масоил ва ба ҳамон мақоми аслии худ – инсон, яъне ҷаҳвари офариниш қарор додани он биандешанд. Барҳақ, Пешвои миллат бо таҳлили амиқи ин вазъияти хатарзо ба сарнавишти инсон ҳамагонро ҳушдор доданд, ки инсоният бояд дар сари ин масъалаҳо бисёр амиқ андеша намояд, ҷиҳати пешгирӣ кардани ин ҳама харобкориҳо дастҷамъона чораҷӯӣ кунад ва талоши қувваҳои солимро ба паст намудани шиддати низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ равона созад” мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем. Зеро маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мову шумо имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ин олами ноором додааст». Барои раҳоӣ аз ин мушкилоти умумии инсонӣ расидан ба қадри истиқлолияти миллӣ, оромишу субот ва ваҳдати миллӣ омили муассир ва шеваи матлуб маҳсуб меёбад. Мо ҳазорон шаҳодатеро дар афкор ва андешаҳои бузургони хеш дар таърихи гузашта дорем, ки ҷустуҷӯи роҳи раҳоӣ аз ин муаммоҳоро маҳз дар шинохти мақоми меҳварии инсон ва дарку маърифати сарчашмаи ягона доштани тамоми башарият дарёфт намудаанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад». Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Имрӯз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чунки давлат бе миллат буда наметавонад ва дар ин баробар миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад. Ҳамин ҳисси ватандӯстӣ буд, ки миллати мо ба ҳеҷ як мушкилӣ ва фиребу найранги ашхоси бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуд. Албатта маҳфуми Ватанхоҳиву хештаншиносиро мебояд ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар замири онон ҷой намуд. Яке аз вазифаҳои асосии волидайн ва омӯзгорон маҳз дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон аст.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва
омори тиббӣ бо курси таърихи тиб