МАСТЕР-КЛАСС ОИД БА ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР МДТ ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО: ТАҶРИБА ВА УСЛУБИ МЕТОДИКА
20-уми феврали соли 2025 дар кафедраи забони русӣ чорабинии таълимӣ баргузор гардид. Дар чорабинии намояндаи «Россотрудничество» Дудко Любовь Николаевна иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои муосири омӯзиши забони русӣ, услубҳои таълим ва методҳои самараноки такмили дониш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳадапфи гузаронидани мастер-класс такмили малакаҳои нав ва шеваҳои муосири омӯзиши забони руси ба ҳисоб меравад. . Дудко Любовь Николаевна бо ҳавасмандӣ ба саволҳои иштирокчиён посух дода, таҷрибаи ғании хешро мубодила намуд. Чорабинӣ дар фазои дӯстона ва пурсамар баргузор гардид, ки инро иштироки фаъолонаи ҳам донишҷӯён ва ҳам омӯзгорон собит месозад.
Ҳамчунин, дар рафти мастер-класс масъалаи истифодаи маводи таълимии инноватсионӣ, технологияи рақамӣ дар таълим ва роҳҳои такмили малакаҳои забонӣ муҳокима шуданд. Иштирокчиён таҷрибаи худро мубодила намуда, дар муҳокимаҳои илмӣ ва методӣ ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур ба баланд бардоштани сатҳи дониши забонии донишҷӯён ва самаранокии раванди таълим дар донишгоҳ мусоидат намуд.
Бар замми ин, дар доираи мастер-класс мавзуъҳои нақши забони русӣ дар муоширати байналмилалӣ, роҳҳои такмили малакаи забондонии кормандони соҳаи тиб ва аҳамияти омӯзиши фарҳанги муошират мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Донишҷӯён ва омӯзгорон инчунин имконият доштанд, ки дар машғулиятҳои амалӣ ширкат варзида, ҳалли масъалаҳои методологии раванди таълимро баррасӣ кунанд.
Чорабинӣ бо натиҷагирии муҳокима ва баррасии пешниҳодҳо аз ҷониби иштирокчиён анҷом ёфт. Ҳамаи иштирокчиён изҳор доштанд, ки чунин тадбирҳо дар рушди малакаҳои забономӯзӣ ва такмили донишҳои касбӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ин иқдоми Россотрудничество дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ байни Тоҷикистону Русия аҳамияти калон дорад ва дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Дар охири мастер-класс донишҷӯёне, ки фаъолона иштирок карданд ва худро махсус нишон доданд, бо китобҳо қадрдонӣ шуданд.
Алиева Н.Ш.-мудири кафедраи забони русӣ