ШАРҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР БАЙНИ КОРМАНДОНИ ХОҶАГИДОРИИ ДОНИШГОҲ
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва супоришҳои мушаххаси ректори Донишгоҳ дар ҷаласаи назоратӣ аз 17-уми феврали соли 2025 санаи 18-уми феврал дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ бо иштироки кормандони хоҷагидориву маъмурӣ ҷамъомад баргузор карда шуд.
Муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ Қаландарзода Ёраҳмад Қаландар атрофи таваҷҷӯҳи роҳбарияти Олии кишвар ба соҳаи маорифу тандурустӣ ибрози ақида намуда, таъкид доштанд, ки Паёми Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунбарори кишвар раҳнамои зиндагии шоистаи халқ буда, самтҳои асосии сиёстаи дохиливу хориҷии мамлакат дар он инъикосу дарҷ карда шудааст. Қобили зикр аст, ки тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф ва бо ҳамин васила ободу хуррам намудани табиати биҳиштосои Тоҷикистони маҳбуб худ як бахши асосии Паёми роҳбари давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз дар меҳвари ин Паёми созанда ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст, ки дар тозаву озода нигоҳ кардани гирду атрофи биноҳои таълимӣ, боғу гулгаштҳои кӯчаҳои назди сохторҳои Донишгоҳ қувваи худро сафарбар намоем. Инчунин, атрофи дигар масъалаҳои дар Паём дарҷгардида ибрози ақида карда шуд.