АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН


АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои халқи азизамон ба шумор меравад. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ, сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи ранҷдидаи тоҷик тавонист, ки истиқлолияти пуршарафи худро ба даст орад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ, узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем. Истиқлолияти бебаҳо водор сохт, ки дар Ватани азизамон Қувваҳои мусаллаҳи худро таъсис диҳем.18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Артиши миллӣ бо вуҷуди надоштани заминаи моддию техникии пуриқтидор дар солҳои душвори муқовиматҳои дохилӣ таҷриба андӯхта, дарси ҷангию муҳорибавиро ҳамаҷониба омӯхт. Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳбударо бартараф карда, давра ба давра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутоб ёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ–рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад.  Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст.

Аз ин лиҳоз 23 - юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмӣ-давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Таи 32 соли фаъолияти артиши миллӣ рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштаанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромию осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азизамон собитқадамона рушду такомул ёфта истодааст.
 

Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи
эпидемиология ба номи профессор Рофиев Ҳ.Қ.


20.02.2025 64

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php