23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 18-уми феврали соли 2025 таҳти роҳбарии муаллими калони кафедраи забони лотинӣ Хоҷаева С.М.  чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар ин чорабини кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 1-уми факултети тиббӣ иштирок намудаанд.

Дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён оиди солҳои аввали таъсисёбии  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот гирифтанд. Таъкид гардид, ки дар  солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ таъсис додани Артиши миллӣ кори саҳлу осон набуд.

Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланди касбӣ ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 32 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.

Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.

Кафедраи забони лотинӣ


20.02.2025 120

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php