ТАҶЛИЛИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ
Санаи 19-уми феврали соли ҷорӣ дар толори лексионии ба номи профессор Б. Ю. Исҳоқӣ бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ чорабинии маърифатӣ-сиёсӣ бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ ҳайати кафедра ва донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ иштирок намуданд.
Мудири кафедра, дотсент Азимова М. М. иштирокдоронро ба ин санаи муҳимми таърихию сиёсӣ табрику муборакбод намуда, зикр доштанд, ки маҳз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар буданд, ки ба ҷонибҳои даргир хотима гузошта, истиқлоли воқеии кишвари маҳбубамонро ҳифз намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён атрофи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маърӯзаҳо ироа намуда, дар васфи Ватан, Истиқлол ва Ваҳдати комили миллӣ шеърҳо қироат намуданд.
Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ