32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Дӯст доштани Ватанро бо хизмати содиқонаю софдилона ба он собит намоем
23 феврали соли равон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, 32 сол пур мешавад. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи Истиқлолияту озодии мамлакат қодир бошад ва якпорчагию тамомияти арзии онро таъмин намояд.
«Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз барои давлатҳои абарқудрат ҳамчун василаи амалигардонии манфиатҳо хизмат менамоянд. Ин неру ба ҷумлаи ниҳодҳои давлатӣ дохил буда, қисмати ҳарбии онро ташкил медиҳад. Чун қоида ин Артиши доимамалкунанда буда, сохтор, тарзи ташаккул, тартиби хизмати ҳарбӣ, таълим ва тарбияи ҳайати шахсӣ, яроқу либоси ягонаи ҳарбӣ ва системаи мутамаркази идоракунию таъминоти моддӣ -техникии махсуси худро дорад. Дар артиш одамоне хизмат мекунанд, ки маҳорату малакаи истифодаи яроқҳои гуногуни ҳозиразамонро доранд. Ба тариқи касбӣ аз техника ва технологияҳои ҳарбӣ барои ҳимояи давлат, миллат, Ватан ва манфиатҳои онҳо истифода менамоянд. Ба дифои ватан ва давлат аз ҳуҷуми беруна омодаанд»,- чунин изҳори назар намудааст дар мақолаи худ ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов.
— Имрӯзҳо ва хусусан солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ширкатҳои фаромиллӣ низ ба бозигарони пурқудрат дар соҳаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ табдил ёфтанд. Ҳоло ширкатҳои бузурги давлатӣ ва фаромиллӣ ҳарчи бештар муайянкунандаи сиёсати давлатҳо мегарданд. Дар чунин ҳолат ширкатҳои пурқувват на ба манфиати ҷомеа амал менамоянд, балки манфиати ширкатҳои давлатӣ ва ё ширкатҳои фаромиллии дар мамлакат ҷойдоштаро дастгирӣ месозанд. Ҳоло касе аз мавҷудияти империяҳои иқтисодӣ, империяҳои идеологӣ ва империяҳои кибернетикӣ тааҷҷуб намекунад. Ин империяҳо бо такя ба қудрати ҳарбияшон сиёсати ғасби ҷуғрофияҳои дигареро, ки ашёи хом, коммуникатсияҳо, баромад ба баҳр, шумораи сифатан беҳтари қувваи арзони корӣ доранд, бо ёрии ташкилоти хусусии низомӣ (ЧВК) ба худ тобеъ менамоянд.
Дар вақташ вазири мудофиаи ИМА Доналд Рамсфелд дар маҷаллаи «Foreign Affairs» мақолае навишта, артиш ва умуман соҳаи низомиро ба соҳаи бозаргонӣ нисбат дод ва ҷангро яке аз намудҳои тиҷорат шуморида буд. Ҷанг ва истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ибтидои асри XXI шеваҳои нав пайдо менамояд. Имрӯз ошкоро барои расидан ба манфиатҳои миллию давлатӣ аз ташкилоти хусусии низомӣ ва Артиши касбӣ истифода мешавад. Чунин шеваи амали Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ фаровон истифода мешавад.
Сиёсатшинос Файзуллоҳ Ҷалол дар китоби «Нақши Иттиҳоди Аврупо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ» чунин менависад: «Дар таърихи се ҳазору панҷсадсолаи башар дусаду панҷоҳ сол инсонҳо дар сулҳи умумӣ ба сар бурдаанд. Дар қарни бистум аз даврони эҷоди Созмони Милали Муттаҳид то имрӯз 150 ҷанги дохилӣ ва байналмилалӣ ба вуқуъ пайвастааст. Давоми солҳои 1939 – 1990 24 ҷанг рӯй додааст. Талафоти молӣ ва инсонӣ фавқулода бузург аст. Аз соли 1945 то 1985 бе ҳисоби қурбониён 23 миллион нафар дар 135 ҷанг кушта, 12 миллион нафар бе хонаю дар мондаанд».
Ҳар яки мо мехоҳем дар давлати озоду ободу босубот оромона зиндагӣ кунем. Таърих гувоҳ аст, ки аксари давлатҳо собиқаи бисёр вазнини таърихӣ доранд. Мутаассифона, давлатҳое ҳастанд, ки дар онҳо ҷанг солҳои дароз идома дорад ва халқҳое, ки дар ин гуна давлатҳо умр ба сар мебаранд, дар орзуи сулҳу суботу амният мебошанд.
Ҷанг бешафқат аст, барои он миллат, синну сол ва ҷинс фарқ надорад. Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷанги гӯшношуниде буд, ки дар он 40 миллион одамон ҳалок шуданд. Ин ҷанг аз ҳама ҷанги харобиовар буд, ки хисороти молиаш аз хисороти ҳамаи ҷангҳои то он вақт рухдода чандин маротиба зиёд буд. Аз 73 давлати вуҷуддоштаи ҷаҳон (то давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон) 62 давлат, ки 80% аҳолии оламро ташкил медод, дар ин ҷанг иштирок намуд. Ҷанг дар замин, дар осмон ва дар об мегузашт. Амалиёти ҳарбӣ дар се қитъа- Аврупо, Осиё, Африқо ва дар чор уқёнуси олам рух медоданд. Ҷанги дуюми ҷаҳон то имрӯз ягона ҷанге аст, ки дар он яроқи ҳастаӣ бевосита истифода шуда буд. Маҳз баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон – 24 октябри соли 1945 Созмони Милали Муттаҳид ташкил ёфт. Соли 1981 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии сулҳро муқаррар намуд. Аз соли 2001 инҷониб ҳамасола 21 сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ таҷлил карда мешавад.
Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бо қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар вазъияти ҳозираи муташанниҷи байналмилалӣ ба нафъи пешгирӣ аз ин гуна ҷангҳо мебошад. То Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърих ягон сарвари давлат ин гуна амали инсонсозу миллатсозро анҷом надодааст.
Таъмини сулҳ, амният ва субот кӯшишҳои заҳматталаб ва дарозмуддат талаб менамоянд. Барои аз миён бардоштани ниёзҳою муноқишаҳо дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат ҷаҳдҳои дастҷамъона зарур ҳастанд. Сабаби муноқишаҳо нобаробарӣ ва беадолатӣ ба шумор мераванд. Қувваи ҳарбӣ барои пешгирии таҳдиди бевосита истифода бурда мешаванд.
Дар олами ҳастӣ омили нахустини мавҷудияти инсон ва таъмини ниёзҳои авлавиятдори ӯ ба вуҷуди сулҳ вобастагӣ дорад. Нахуст ҷавҳари офариниши олам агар обу оташу хоку ҳаво бошад, пас ҷавҳари аввали саодати башар сулҳ аст. Арзишдиҳии олӣ ба сулҳ аз он ҷиҳат муҳим арзёбӣ мегардад, ки инсоният бе ҳамраъйӣ ва ҳамбастагию сулҳ наметавонад зиндагии шоистаи хешро таъмин намояд ва ба ҳадафҳои олию созанда расад. Сулҳ талоши ҷовидона барои ҳақиқат ва саодат аст.
Ҷавҳари сиёсати дохилию хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сиёсати сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад. Барои дарки мушкили барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ донистани он ки музокирот бо мухолифони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Туркманистон аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 давом намуд, муҳим мебошад. Барои ба сулҳу субот расидан 9 даври музокирот, 6 мулоқоти сарон ва 21 маротиба музокироти ҳайатҳо доир шуда, 40 санад ба имзо расид, ки тақдиру ояндаи давлати тоҷикон ва таъмини сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон ҳал намуданд. Сарзамини Тоҷикистон пур аз ганҷ аст, аммо барои давлату миллати тоҷик аз Ваҳдати миллӣ дида, гаронбаҳотарин ганҷе нест!
Сулҳу субот, амният, ваҳдати ҷомеа арзишҳое мебошанд, ки ояндаи миллату давлат ба онҳо пайвастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ танҳо дӯст доштани Ватан кифоя нест, балки ин Ватанро бояд бо дасти худ созем, обод кунем ва агар зарур ояд, аз душманони дохилию хориҷӣ сарбаландона ҳифз намоем.
Бознашр аз АМИТ Ховар