ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ МУҚАДДАС
Санаи 17.02.2025 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1 семинари омӯзишӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории семинар шинос намудани таърих, фарҳанг ва табиати кишвар барои донишҷӯёни хориҷӣ мебошад. Зимни баррасии мавзуъ донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ Донов Орзу тариқи презентатсия атрофи таъриху фарҳанг ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон ибрози ақида намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки
Тоҷикистон сарзамини таърихӣ ва дорои фарҳанги бой аст. Ин сарзамине мебошад, ки дар давоми асрҳо ҷойгоҳи тамаддунҳои бузург, олимон, шоирон ва фарзандони баруманди миллат буд.Ин диёр зодгоҳи бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём ва дигар абармардону муборизони роҳи истиқлол мебошад, ки бо донишу ҳунари худ ҷаҳонро рӯшноӣ бахшидаанд. Мероси фарҳангии тоҷикон аз ҳикмату адабиёти бой, меъмории қадима ва санъатҳои нодир иборат аст.
Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланд, чашмаҳои шифобахш, дарёҳои зулолу оби покаш маъруф аст.Кӯҳҳои Помир, ки онро "Боми ҷаҳон" меноманд, ва дарёҳои Зарафшон, Вахш ва Панҷ сарчашмаи ҳаёт барои мардум мебошанд. Тоҷикистон ҳамчун ватани истиқлол, ваҳдат ва сулҳ қадр карда мешавад.Таърих ва фарҳанги исломӣ дар ин сарзамин решаҳои амиқ доранд, ки масҷидҳои қадимӣ ва осорҳои таърихӣ онро исбот мекунанд.Мардуми Тоҷикистон бо меҳмоннавозӣ, ҳамдилӣ ва ваҳдати миллӣ шинохта шудаанд.Истиқлолияти кишвар ба тоҷикон имконият дод, ки фарҳанг, забон ва тамаддуни худро эҳё кунанд.Тоҷикистон на танҳо як кишвари зебо, балки сарзамини муқаддас аст, ки таърихи куҳан, табиати нотакрор ва фарҳанги бою рангинро дар бар мегирад.
Дар охири семинар донишҷӯёни хориҷӣ таассуроти худро оид ба Тоҷикистон ва мардуми он баён намуда, аз он изҳори хушҳолӣ намуданд, ки ин сарзамини муқаддасро барои таҳсил интихоб намуданд.
Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1