АНДЕШАИ ДОНИШҶӮ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ПУРАРЗИШИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО


АНДЕШАИ ДОНИШҶӮ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ПУРАРЗИШИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО  Абуалӣ ибни Синоро ҷаҳон бо пизишкӣ, шоирӣ, риёзидонӣ ва мутафаккири нотакрор буданаш мешиносад. Ин табиби ҳозиқ беш аз 450 асарҳои илмӣ навиштааст, ки то замони мо камтар аз 250 номгӯяш маҳфуз мондааст. Бузургтарин асари Абуалӣ ибни Сино "Ал-қонун фит тиб" ва "Аш-Шифо" мебошанд. Навиштаҳо ва дастурамалҳои Синои бузург имрӯз китоби рӯйимизии ҳар як пизишки муваффақ мебошад. Абуалӣ ибни Сино ҳамчун табиб ҷаҳонро бо илму малакааш тасхир намудааст. Ӯро падари илми тибби замонавӣ ҳам мегӯянд.

Абуалӣ ибни Сино таҳсили ибтидоиро дар шаҳри Бухоро гирифтааст, замоне ки падараш дар дарбори Сомониён фаъолият мекард. Ҳарчанд замони зиндагии пизишк ба давраҳои сахти таърихӣ рост меомад, вале ҳеҷ гоҳ аз омӯзишу пажӯҳиш фориғ набуд. То синни 16 солагӣ илмҳои замонаш аз қабили, фалсафа, мусиқӣ, арӯз, геометрия, математика, илоҳиёт, нуҷум ва Қуръонро аз худ намуд. Баъд аз синни 16 солагӣ ба омӯхтани илми тиб машғул шуд. Дар дарбори Сомониён ӯро ҳамагон мешинохт ва иззату эҳтиром мекард.

Абуалӣ ибни Сино ҳамчун шоир агар осори кам навишта бошад, вале хеле забардасту моҳир буд. Шеърҳояшро ҳам бо забони арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ менавишт. Синои бузург дар яке аз асарҳояш гуфтааст: "Ман беморро аввал бо сухан ва шеър, баъдан бо гиёҳу алаф ва ҳангоми хеле зарур будан бо теғ табобат мекунам." Воқеъан, суханони ҳикматомези ибни Сино касро ба ҳайрат меоварад. Маънӣ аз ин гуфтаҳояш аз он аст, ки табиб бояд дили гарм, забони нарм ва лутфу марҳамати хосса дошта бошад нисбат ба бемор. Беҳуда нест мегӯянд: "Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст...".

Абуалӣ ибни Сино табиб - шоири муваффақ буд, сухандармон буд, ки мислаш руйи дунё пайдо нагаштааст. Ғайр аз ин, аз гулу гиёҳҳои шифобахши замонаш самаранок истифода мебурд. Захму ҷароҳати беморонро бо алафҳои табиӣ дармон мебахшид.

Имрӯз ҷаҳон барои Синои бузург дар набард аст. Абуалӣ ибни Сино тоҷикзода аст. Бо забони форсии дарӣ асар офаридааст. Мактаби зиндагиро дар шаҳри Бухоро гирифта, дар замони ҳастии давлати Сомониён умр ба сар бурдааст. Боиси ифтихору шарафмандист, ки насли ориётабор аз азал фарзандони фарзонаву асил тарбият кардааст. Ба амсоли Синои бузург зиёданд нафароне, ки имрӯз дар бари мо нестанд, аммо ёди зиндаи онҳо ва асарҳои гаронмояи офаридаашон насли ҳозираро илм меомӯзад.

Бузургони мо муаллими ҳазорасраи тоҷиконанд. Абуалӣ ибни Сино бошад аз ҷумлаи орифону шоирон ва табибони оламиянд. Ҷаҳон имрӯз бо Синои мо фахр месозад. Ҷаҳон имрӯз Абуалӣ ибни Сино ҳамчун табиби ҳозиқу содиқ эътироф мекунад. Мо тоҷикон фарзандони Сино, наберагони Рӯдакиву Фирдавсием. Мо бузургони гузаштаи худро асло фаромӯш нахоҳем кард. Баръакс мекӯшем, то вориси Синои бузург бошем.

Абдураҳимова Шоира - донишҷӯи курси 3-юми ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино




19.02.2025 107

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php