ТАВАССУТИ ИЛМ ВА ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ДАР ОДАМ ҚУВВАИ СОЗАНДА ҲОСИЛ МЕШАВАД
«Халқи мо дар баробари ҳифзи асолати милливу динии худ бояд дорои ҷаҳонбинии илмии замони муосир бошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар марҳалаи нави тараққиёти ҷумҳурӣ таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.
Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид ва дар ин хусус фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8 январи соли 2025, №911 ба тасвиб расид.
Мақсади асосии ҳар гуна илм ба низом овардани ҳодисаҳои мураккаби дар олам рӯйдиҳанда ё ба тартиб овардани чизест, ки маҷмӯи онҳоро табиат меноманд. Вале бояд ба назар гирифт, ки усули илмӣ танҳо яке аз тарзҳои хоси донистани табиати одаму олам аст. Ниҳоли илм дар замини фарҳанги моддӣ ва маънавӣ мерӯяд. Ва аз ин маънӣ илм, фарҳанг ва ҷомеа дар ваҳдати ботинӣ қарор доранд.
Ба ин далели таърихӣ ҳамбастагии илм ва маорифро низ афзудан мебояд, ки самаранокиашро таҷрибаи тамаддуни аврупоию амрикоӣ собит кардааст. Ин таҷрибаи муҳимму муфиди таърихию фарҳангиро бояд ба пуррагӣ омӯхт ва дар кишвар ҷорӣ намуд. Зеро маҳз пайванди пажӯҳиш бо омӯзишу парвариш барои ташаккули кадрҳои соҳибтафаккур мусоидат мекунад. Аслан, чунонки таҷрибаи педагогӣ нишон медиҳад, дар он муассисаҳои таҳсилотӣ, ки он ҷо ба таҳқиқоти илмӣ машғул нестанд, гирифтани маълумоти ҳозиразамонро ҳам чашмдор будан ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, маҳз илми мутараққӣ ҳаққи маънавӣ дорад, ки дар ҳастаи ҷаҳонбинии муосир қарор гирад. Ва маҳз назарияҳои илмии дар таҷриба собитшуда ва аз тарафи муассиса ва созмонҳои илмии ҷаҳони маъқул донисташуда, шоҳроҳи наҷоти таърихи ва рушди мибаъдаи одамизодро мунаввар карда метавонад.
Дар замони имрӯза таъсири тамаддун ба экосфераи замин ба дараҷае расидааст, ки зиндагонии инсонро бе дарки ягонагии ӯ бо табиати атроф тасаввур кардан ғайри имкон аст. Буҳрони экологӣ, ки инсонро амалан дар маҳалли фалокат қарор додааст, пеш аз ҳама ба сабаби дар ҷамъият ба таври зарурӣ густариш наёфтани донишҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омад. Чунин халои илмию фарҳангӣ дар навбати худ барои қабули қарорҳои бемасъулиятона, истеҳсолоти беназорат барои таъмини эҳтиёҷоти инсоният ва зараррасонӣ ба табиати атроф замина гузошт.
Сабаби асосии буҳрони экологӣ на ин ки илм, балки ноқисии тасаввуроти воқеии илмӣ дар бораи одаму олам мебошад. Аксарияти одамон ҳоло ҳам дар олами геосентрӣ ва механикӣ зиндагӣ мекунанд ва наметавонанд ё намехоҳанд ба моҳияти падидаҳои ғайриодии заминию осмонӣ сарфаҳм раванд. Бинобар ин, ташаккул додани ҷаҳонбинии дуруст, ки бояд ба марҳилаи ҳозираи рушди тамаддун мувофиқат намояд, барои инсоният аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040”-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафакури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффаҳ бошад.
Таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон: технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ торафт меафзояд. Кашфиёту дастовардҳои илмию техникии олимони муосир ба ҳаёти мо ва умуман ба тақдири тамаддун нисбат ба корҳои анҷомдодаи донишмандону сиёсатмадорони гузашта таъсири хеле амиқ гузоштаанд. Маълум мегардад, ки танҳо инсони бофарҳан ва бомаърифат ба сатҳи муосири рушди тамаддун мувофиқ омада метавонад.
Мо бо гузашти замон фаҳмида истодаем, ки дараҷаи рушди олами маънавиямон дар биосфера дигар ба шароити ҳаёти ҷомеа мутобиқат намекунад, фаҳмиши мо бошад, барои бартараф сохтани мушкилоти тараққиёт кофоягӣ намекунад. Номутобиқатии фаъолияти инсон чун ҷинси биологӣ ба қонунҳои умумие, ки инкишофи биосфераро идора мекунанд, торафт аён гардида истодааст.
Дар воқеъ, донишҳои табиатшиносӣ оид ба сохтори олам ва ҷои инсон дар он тасавуроти бунёдӣ медиҳанд ва аз ин ҷиҳат омӯзиши табиатшиносӣ бояд ҷузъи муҳимми маърифати умумии донишҷӯёни дигар ихтисосҳо низ бошад. Ин донишҳо ба тайёрии таҳсилоти умумии донишҷӯён ва фаъолияти минбаъдаи ихтисосии онҳо метавонад кумак намоянд.
Дар замони мо, ки илмҳои табиатшиносӣ ба соҳа ва ихтисосҳои гуногун тақсим карда шудаанд ва ҳар як мутахассис бо забони худ ҳарф мезанад, масъалаи ҷаҳонбинии васеъ мавқеи муҳиммро ишғол мекунад. Зеро фақат ҷаҳонбини том аст, ки ба дарки моҳияти одаму олам ва қонуниятҳои инкишофи тамаддуну табиат дар ҳамбастагии бунёдии онҳо заминаи қавӣ ва самарабахш ба вуҷуд меоварад.
Ҳаёти моро бе илм ва дастовардҳои он тасаввур кардан душвор аст. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намуданд, ки илм дар рушди кишвар нақши калидӣ дорад.
Дар ҳақиқат, имрӯз илму фан ё технология ба муҳаррики рушди таърихии ҷомеа табдил ёфта, ба ихтиёри одамон қувваи бузургеро гузоштанд, ки барои якбора зиёд кардани миқёси фаъолияти дигаргунсозиҳои онҳо имконият дод. Инсон муҳити табиии зисти худро куллан тағйир дод; тамоми сатҳи Замин ва биосфераро омӯхт ва «табиати дуюм» — муҳити сунъии зисти худро эҷод намуд, ки он барои ӯ на камтар аз муҳити табиӣ аҳамият дорад.
Табиатшиноси бузурги шӯравӣ В. И. Вернадский дар зимни тасдиқи ин ҳақиқат гуфта буд: тавассути илм ва техника инсон ба қувваи махсуси геологӣ табдил ёфт. Чаро ки инсон тамоми сатҳи Заминро дигаргун сохт ва ҳатто ба биосфера таъсири амиқ гузошт. Илова ба ин, инсон дар сурате инсони ҳақиқӣ мегардад, ки аз тариқи эҷодкорона азхуд кардани мерос бо наслҳои гузаштаи одамон дар радифи ҳамбастагии таърихию фарҳангӣ қарор дошта бошад.
Пас чӣ бояд кард?. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ва бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва рушду тарақиёти илми муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки “роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд” ва вобаста ба ин, пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.
Амалӣ намудани ин иқдоми созандаву бунёдкорона ва таҳкимбахши рушди воқеии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва ҷаҳонбинии илмӣ вазифаи ҳар як фарди худогоҳу худшинос, тамоми зинаҳои таҳсилот ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва аҳли зиёи мамлакат мебошад.
Мо бояд омӯзиши муқадимаи табиатшиносиро аз боғчаи кӯдакон шурӯъ намуда, дар тамоми зинаҳои минбаъдаи таҳсилот омӯзиши асосҳои табиатшиносии муосирро барои тамоми соҳаҳо ва ихтисосҳо ба роҳ монем, стандарт ва нақшаву барномаҳои таълимиро бо дарназардошти дастури раҳнамо ва созандаи Пешвои муаззами миллат бо бартарӣ додан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ таҷдиди назар намоем, муассисаҳои таълимиро бо асбобҳои аёнӣ ва лавозимоти озмоишгоҳии муосир таъмин созем, муассисаҳои илмӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуда, мазмуну моҳияти омӯзиш, пажӯҳиш ва дарки ҳодисоти табиат дар асоси консепсияи ягонагии инсону табиат ва талаботи муосир сурат гирад. Дар ин ҳолат супориши Пешвои миллат иҷро, рушди бемайлони кишвар таъмин, ҷаҳонбинии илмӣ фарогири оммаи мардум ва тафакури техникӣ бар тафакури хурофотӣ ғолиб меояд ва ин ҳама омили асосии пешрафти давлату миллат мегардад.
Холбекиён М.Ё д.б.н., дотсент, мудири кафедраи физиологияи нормалии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино»
Ҳомидҷонова Д.Ҳ н.и.б., ассистенти кафедраи физиологияи нормалии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино»