АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳар сол 23-юми феврал дар Тоҷикистон Рӯзи Артиши Миллӣ таҷлил мегардад. Ин сана ҳамчун рамзи қудрат, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешавад. Артиши миллӣ, ки яке аз сутунҳои муҳими давлатдории кишвар ба шумор меравад, на танҳо барои ҳифзи марзу буми Ватан, балки барои таъмини суботу амнияти шаҳрвандон низ нақши калидӣ мебозад.
Артиши Миллии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993, дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ таъсис ёфт. Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991, зарурати ташкили нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ ба миён омад. Дар марҳилаи аввал артиши кишвар аз собиқ хизматчиёни ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ихтиёриён ташкил ёфта, баъдан тадриҷан рушд ёфт.
Бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши Миллӣ солҳои охир таҳким ёфта, бо техникаи муосир ва кадрҳои баландихтисос таъмин гардидааст. Имрӯз нерӯҳои мусаллаҳи кишвар қодир мебошанд, ки амният ва истиқлолияти Тоҷикистонро дар ҳар гуна шароит ҳифз намоянд.
Артиши Миллии Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи худ дар таъмини суботи дохилӣ ва ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, нақши муҳим мебозад. Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва вазъи мураккаби минтақа, масъалаи ҳифзи амнияти миллӣ аҳамияти хоса дорад.
Ҳамчунин, артиши кишвар дар ҳамкорӣ бо сохторҳои байналмилалии амниятӣ, ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил ҳамроҳ гардидааст.
Артиши Миллӣ ва тандурустӣ
Тандурустии аскарон ва афсарони Артиши Миллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат дар соҳаи мудофиа мебошад. Ба ин мақсад, дар қисмҳои низомӣ беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ таъсис дода шудаанд, ки бо мутахассисони соҳаи тиб ва таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд.
Ҳамасола вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиа, барои беҳбуди хизматрасониҳои тиббӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ менамояд. Баргузории муоинаҳои тиббии даврӣ, таъмини сарбозон бо ғизои солим ва омодасозии табибони ҳарбӣ барои ҳолатҳои фавқулода аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими ин ҳамкорӣ мебошанд.
Рӯзи Артиши Миллӣ на танҳо ҷашни низомиён, балки ҷашни тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Он рамзи мардонагӣ, шуҷоат ва садоқат ба Ватан мебошад. Артиши миллии мо дар тӯли таърихи худ собит намуд, ки қодир аст аз истиқлолият ва якпорчагии давлат ҳимоят кунад.
Барои ҳар як шаҳрванд, бахусус табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ, муҳим аст, ки дар баробари хизмати тиббӣ, саҳми худро дар таҳкими қудрати миллӣ ва ҳифзи саломатии муҳофизони Ватан гузоранд.
Рӯзи Артиши Миллии Тоҷикистон муборак бод!
Махмудова М.М. - муаллими калони кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 ба номи профессор Аминов Ҳ.Ҷ.