АРТИШ –ҚУВВАЮ ТАВОНОИИ ВАТАН АСТ
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, зарурати ҳимояи сохти конститутсионӣ, якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар чӣ тезтар бартараф намудани хатари пошхӯрии давлатдории тоҷикон ҳатман таъсис додани Артиши миллиро тақозо менамуд. Бо назардошти чунин зарурат дар шароити ниҳоят вазнини сиёсию иқтисодӣ ва ҳатто маънавӣ, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. 23 – юми феврали соли 1993 якумин бор дар пойтахти ҷумҳурии азизамон паради ҳарбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Бунёди Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт. Бо вуҷуди надоштани таҳкурсии моддӣ-техникӣ, аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо дар сангарҳо ҷангидаву танзимгари сохтори ташкилию штатии худ шуданд. Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус, давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд, аммо... Дар ҷумҳурии мо, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон намедод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ баҳраманд гардад. Истифода аз техникаи ҳарбии дивизияи тирандози 201-уми дар Тоҷикистон мавҷудбуда, метавонист сабабгори васеъ ва тӯлонӣ гардидани ин муноқиша шавад. Бо мурури замон раванди ҳодисаҳо исбот намуданд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯй ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст.
Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Агар давраи аввали сохтмони қувваҳои ҳарбӣ ташкили Артиши миллии дорои қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва ҳаёти осоишта бошад, пас давраи дуюм такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои наздисарҳадӣ, десантура ва ғайра аст. Бригада ва баталёнҳои тирандоз, ки вазифаи асосии онҳо муҳофизати сохти конститутсионӣ ва муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ буд, таъсис ёфтанд. Сарфи назар аз ҳама мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пур-печутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар наздаш гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро менамояд.
Артиши миллӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ, таъминкунандаи амнияти кишвар ва сипари боэътимоди ҳимояи ҳар халқу миллат мебошад. Пойдории Қувваҳои мусаллаҳро бе мутахассисони баландпоя тасаввур кардан ғайриимкон аст. Тӯли 32-соли мавҷудияти худ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар кардаву аз озмоишҳои шадид гузаштааст ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу суботи кишвар табдил ёфтааст. Тайи ин солҳо Артиши миллии Тоҷикистон тавонист худро аз лиҳози моддию техникӣ муҷаҳҳаз гардонад, мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни ҳарбиро омода намуда, таҷрибаю малакаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсояро омӯзад ва яке аз пояҳои боэътимоди ҳимояи кишвар гардад. Дар ин ҷабҳа саҳми Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон мебошад. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷангдида ва корозмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем.
Зарипов А.Р.- н.и.т.дотсент мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ.
Таибов С.А. – ассистенти кафедраи стоматологияи ортопедӣ.