АРҶГУЗОРӢ БА ФАРҲАНГИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ: ҶАШНИ ОНАМ ВА ВИШУ
Санаи 15.02.2025 ба хотири арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги донишҷӯёни хориҷӣ дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1 бо иштироки донишҷӯёни хориҷӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Ҳиндустон семинари омӯзишӣ-илмӣ гузаронида шуд. Дар семинар донишҷӯён Гопалакришан Деванандана ва Шанти Алдрин дар бораи “Ҷашни Онам” ва 1 Сантош Кумар Сини Виллс Атул дар бораи таърихи “Ҷашни Вишу” маълумот дода,, тариқи презентатсия шарҳу тавзеҳ доданд.
Маънои ҷашн: мавсими ҳосилғундорӣ ва бозгашти подшоҳи афсонавии Махабали. Онам яке аз калонтарин ҷашнҳои Керала мебошад, ки 10 рӯз идома меёбад ва бо афсонаҳои қадимӣ алоқаманд аст. Тибқи ривоят, подшоҳи одил ва нек. Махабали соле як маротиба ба мардуми худ бозмегардад.
Расму оинҳои асосии Онам: Пуккалам – ороиши даромади хона бо гулҳои рангоранг. Онам Садхья – зиёфати бузурги идона, ки аз 26–30 навъи хӯрок иборат аст. Валлам Кали – мусобиқаҳои заврақҳои дароз (ба монанди мор) дар рӯдхонаҳои Керала. Рақсу бозиҳои мардумӣ – рақсҳои маъруф, ба мисли Каикоттикали ва Пулликали (рақс бо нақшу нигори бадани "паланг").
Вишу бошад ҷашни муҳим дар иёлати Кералаи Ҳиндустон мебошанд. Ҳарду бо фарҳанги малаяли алоқаманданд, вале таърихи гуногун ва маънои мазҳабӣ доранд.
Вишу – Соли нави мардуми малаялист, ки бо гузариши Офтоб ба бурҷи Барра (Медам) алоқаманд аст. Ин рӯз ҳамчун рӯзи навсозӣ ва умед ба хушбахтӣ таҷлил карда мешавад.
Расму оинҳои асосии Вишу: Вишу Канни («назарияи аввал») – субҳи барвақт одамон чашмонашонро мекушоянд ва аввалин чизе, ки мебинанд, як мизи ороишёфта бо гулҳои каниккона, шамъҳо, ғалладона, меваҳо ва китобҳои муқаддас мебошад. Боварӣ доранд, ки ин баракат ва некбахтӣ меорад. Вишу Каинеетам – калонсолон ба хурдсолон пул ҳадя мекунанд, ки ин рамзи файзу баракат аст. Фейерверкҳо – анъанаи таркондани шамъу таркишҳои идона вуҷуд дорад. Таоми идона – таоми маъмулии садхья, ки аз хӯрокҳои гуногуни гиёҳхӯрӣ иборат аст ва дар барги банан пешкаш карда мешавад.
Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1