ДАВРИ НАВБАТИИ ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ФАННИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ
Рӯзи 14.02 соли 2025 дар кафедраи физиологияи нормалӣ даври навбатии олимпиада бо иштироки донишҷӯёни курси дуюми ҳамаи факултетҳо баргузор гардид. Дар ин давр 48 нафар донишҷӯёни фаъол, ки қисми асосиашон аъзоёни маҳфили илмии кафедра мебошанд иштирок намуданд. Дар ин навбат ба донишҷӯён саволҳо ва супоришҳои ғайримуқаррарии мураккабии сатҳи баланд, инчунин корҳои лабораторӣ ва ҳалли масъалаҳои ситуатсионӣ аз бобҳои гуногуни физиологияи нормалӣ пешниҳод гардид.
Дар даври баъди, ки даври сеюм ба ҳисоб меравад аз 48 нафар танҳо ба 10 нафар роҳхат дода мешавад, яъне онҳое, ки аз ҳама бештар холҳоро соҳиб мегарданд. Онҳо дар минбаъда ҳамчун аъзоёни командаи олимпии кафедраи физиологияи нормалӣ ҳисобида мешаванд ва дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ кафедра ва донишгоҳҳо муаррифӣ мекунанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли таҳсили 2023-2024 командаи олимпии кафедра дар олимпиадаҳои дохил ва хориҷи кишвар фаъолона иштирок намуда бо ифтихорномаҳо сазовор гардид. Дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни физиология, ки дар Федератсияи Россия шудагузашта буд, аз байни 40 камандаи хориҷ ба дари финали роҳхат гирифта буд.
КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ