САНҶИШИ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШГОҲ АЗ ТАРАФИ МУОВИНАТИ ТАРБИЯ
Муовинати тарбияи Донишгоҳ ҷиҳати зери назорати ҷиддӣ қарор додани ҳолатҳои зисти донишҷӯёни хобгоҳ пайваста рейду санҷишҳоро ба роҳ мондааст. Санаи 12.02.2025 аз тарафи масъулини муовинат – сардори шуъбаи тарбия, Муродов Ш.Д., раиси Шурои занон ва духтарони Донишгоҳ, Амонзода С.Б., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, Сафаров Б.Б. сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ, Тағаймуродов Ш.Қ. ва дигарон хобгоҳҳои № 4 , № 6 ва № 7-и Донишгоҳ мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар рафти санҷиш ҳолатҳои будубоши донишҷӯён дида шуда, атрофи масъалаҳои риояи ҳатмии тозагӣ, қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ ва монанди инҳо бо истиқоматкунандагон суҳбат гузаронида шуд. Ҳамзамон, бо мудир ва дигар шахсони масъули хобгоҳ машварат карда шуда, ҷиҳати рияои қатъии талаботи мавҷуда ва пешбурди корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳ маслиҳатҳо дода шуд. Дар баробари ин, рафти иҷрои навбатдории ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедраҳо дар хобгоҳҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд. Бояд гуфт, ки омӯзгорони кафедраҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҳар бегоҳ 2 соат дар хобгоҳҳои Донишгоҳ навбатдорӣ намуда, бо истиқоматкунандагони он перомуни масъалаҳои тарбиявӣ суҳбатҳо мегузаронанд.
Бояд иброз дошт, ки масъулини муовинати тарбия санҷишро дар ин самт идома дода истодаанд.
Муовинати тарбия