АБУАЛӢ ИБНИ СИНО – ХУРШЕДИ ТОБОНИ МИЛЛАТ!
Ман аз Абуалӣ ибни Сино иттилои зарурӣ дорам, зеро ҳамчун омӯзгори яке аз машҳуртарин мактабҳои олии ватанӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият мекунам ва ин масъулияти тахассусии ман аст, то аз ин шахсияти фавқулода соҳибдониш ва табиби ҷаҳонӣ бохабар бошам. Вале дар ин гузориши кӯчак ман на ҳамчун омӯзгори ин даргоҳи илми шифобахш, балки ҳамчун як шаҳрванди қаторӣ ва ҳамчун як ҳаммиллату ҳамзабону ҳамватани Сино андешаҳоямро баён месозам.
Пеш аз ҳама, мехоҳам худам бидонам, ки Абуалӣ Сино барои ман кист, то дигарон ҳам бар сари ин масъала тафаккур кунанд. Барои ман муҳим нест, ки Синоро кӣ ва чаро аз они худ медонад, зеро онҳое ки худ чизеро шоистаи пешниҳод надошта бошанд, мансуб донистани шахсиятҳои ҷаҳониро ба қавму халқу миллати худ як амри воқеӣ меҳисобанд. Дар ин масъала ҷои тааҷуб ва ҳайрат нахоҳад буд, агар пагоҳ-фардо қавмияте аз қавмҳои африқоӣ Синоро фарзанд ва моли миллати худ хонад. Фақат барои онҳо лозим меояд, то асарҳо ва ашъори ӯро, ки бо забони шевои тоҷикӣ эҷод гардида буданд, ба забони модариашон тарҷума кунанд. Аммо, дар ин кор ҳам мушкилот ва чолишҳо пайдо хоҳанд шуд, зеро пас аз чанде насли зирактар ва бодоништари ин қавм бар сари масъалаи чаро Сино бо забони қавми онҳо нею ба як забони барояшон бегона эҷод кардааст, сари тафаккур ба гиребони хаёл хоҳанд кашид. Он замон ба ҳақиқати он, ки Сино аз қавми ман буд на аз қавми онҳо хоҳанд расид. Ва боз, агар ин гуфтаҳои шоири шаҳири тоҷик Лоиқи ширинсухан ба гӯши онҳо расанд, тамоман узрхоҳӣ хоҳанд кард:
Бухоро пойтахти тоҷикон буд,
Дар он ҷо Бӯалӣ омад ба олам,
Дарӣ буда забонаш, лек омӯхт,
Забони ҷумла давру ҷумла одам.
Ба сари мақсади асосии навиштани ин мақола баргашта, изҳор медорам, ки:
1) Абуалӣ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ҳамқавм, ҳамқабила, ҳаммиллат, ҳамзабон ва ҳамватани ман буд.
Ман мутахассиси ягон илми таърих, забон, адабиёт ва ҷомеашиносӣ нестам, вале чанд санади ошкор ба ин ҳукми мо далолат мекунанд ва бо ҳисс ва андешаи ман наздикӣ доранд.
Пеш аз ҳама, Абдуллоҳ - падари Абуалӣ аз аслзодагони Балх буд, Балхе, ки таърихан макони тоҷикон буд ва ҳанӯз ҳам ватани тоҷикон аст. Ин ҳамон Балхест, ки ҳамватани дигари ман Носири Хусрави Қубодиёнӣ бо он алоқамандии мустақим дошт ва он ҳамчун маркази тамаддун ва фарҳанг ба таърихи садҳо қавму миллатҳои дигар таъсири назаррас гузоштааст. Номи Балх дар таърих бе номи Бухоро ва Бохтар гирифта намешуд ва ин минтақа ҳанӯз дар давраҳои хеле қадим зиёда аз миллион нуфус аҳолӣ доштаст. Воқеъан, имрӯз ҳам новобаста аз як вилояти аз он таърих хурд боқӣ монданаш, маркази расмии онро ҳамоно шаҳре бо номи зебои тоҷикии Мазори Шариф ташкил медиҳад.
Падари Сино аз як минтақаи тоҷикнишин ба минтақаи дигари тоҷикнишин - Бухоро меояд ва дар наздикии он маскун мешавад. Сукунати ӯ дар деҳаи Афшана будааст, ки имрӯз бо номи Рометан ёд мешавад. Ҳам Афшана, ҳам Рометан ва ҳам садҳо номҳои мисли инҳо таърихи гузаштаи миллати тоҷикро инъикос мекунанд. Ва бар замми ин, падари Сино маҳз дар ҳамин деҳа бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. Ситора, Ситорамоҳ, Ситорабону аз исмҳои машҳури занона барои тоҷикон мебошанд.
Деҳқондухтар будани Ситорабону низ як махсусияти тоҷикона дорад, зеро дар он давр деҳқон гуфта онҳоеро меномиданд, ки онҳо соҳиби молу мулк буданд. Бар замми ин, дар фарҳанг ва гузоришҳои Ҳаким Фирдавсӣ ва Носири Хусрав деҳқон ба маънои озода, авлоди озодагон, озодапараст фаҳм мегардид.
Ҳамин тариқ, Абуалӣ ибни Сино 18-августи соли 980 дар оилаи Адуллоҳ ва Ситорабону ба олами ҳастӣ по ниҳод ва чашм кушод.
2) Абуалӣ Сино барои ман тимсоли як наврас ва ҷавони дилдодаи илму дониш аст, ки ҳар як модар ҳаваси ба олам овардани чунин як писари фавқулода донишпарастро дар дил мепарварад. Ба ин фитрати ирсии Сино муҳити хонаводагӣ ва донишмандии падару модар дар мадди аввал кӯмак намуданд. Ин ҳам як таҷриба ва анъанаи қавмию миллии тоҷикон буд, ки фарзандашонро ба саҳроҳо ва биёбонҳо раҳнамун намекарданд, балки дар фикри хонондану илмдор намудани онҳо мешаванд, зеро эътиқоди тоҷикон ба хирад азалӣ будааст ва онро танҳо дар натиҷаи ба ҳам овардани илму амал ҳосил кардан метавон. Бо ҳамин мақсад, падару модари ибни Сино ӯро дар панҷсолагӣ гирифта аз Афшана ба Бухоро, ба пойтахти илму фарҳангу тамаддуни тоҷикон омаданд.
Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз панҷолагӣ то даҳсолагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард. Ӯ дар синни даҳсолагӣ қариб тамоми Қуръонро аз ёд карда буд ва забони арабӣ ва адабиёти классикии арабиро аз худ намуда буд. Дар мадрасае, ки Ҳусайни хурдсол таҳсил мекард, шогирдони дар синну сол ва дараҷаи омӯзиш аз вай калонтар ҳамеша брои кӯмак ба назди ӯ меомаданд. Баъдтар ӯ аз донишмандони маъруфи Бухоро мантиқ, фалсафа, геометрия ва астрономияро омӯхтааст. Абуалӣ ибни Сино аз синни 14-солагӣ ба омӯзиши мустақилона ва кашфи асрори асарҳое мисли «Метафизика»-и Арасту ва “Фусул-ул ҳикам”-и Ал-Форобиро пардохта будаст ва худ ба онҳо чунон шарҳу тавзеҳот баста, ки аз он беҳтарро пайдо кардан мумкин нест.
3) Абуалӣ ибни Сино барои ман намунаи табибе аст, ки ҳадафаш на ба даст овардани молу манол ва пулу ҷоҳу ҷалол буд, балки ягона мақсади табибиаш табобати мариз буду на аз ин беш. Ӯ сарсупурдаи кораш буд. Тиббиётро аксаран аз китобҳо ба таври мустақилона меомӯхт ва дониши худро бо мушоҳидаҳои беморон мукаммал менамуд.
Дар барорбари омӯзиш ва амал, Сино ба аёдати беморони вазнин рафта, кӯшиш мекард, ки бемориҳои мураккабро фаҳмад ва тарзи фаъолият ҷисму ҷони одамро дарк кунад. Нақли амири Бухороро табобат бахшиданаш вирди забони кӯдаку калонсол аст. Ӯ дар синни 16-солагӣ табиби номдор шуд ва дар ивази табобати амир ҳам молу мулкро наталбид, балки боз ҳам иҷозаи ба китобхонаи дарбор даромадан гирифт. Муболиға намешавад, агар гӯем, ки дар ин қазия низ фитрати азалии тоҷикона, ки танҳо хислати талабандагии илмро доштаст, кора кард.
Ибни Сино дар соҳаи тиб ассарҳоеро ба мерос монд, ки то ба ҳол олами тибби Шарқу Ғарб аз онҳо истифодаи ҳамарӯза мекунад. Ин асарҳо дар мавзуъҳои мушаххаси тиб ва табобат, аз қабили бемориҳои дил, рагҳои хунгузар ва набз, ташхис ва ихтилол, бемориҳои гӯш, меъда, дандонҳо, мушкилоти гигиенӣ, аҳамияти тарбияи чисмонӣ, тандурустӣ ва гимнастикаи табобатӣ баҳс мекунанд ва маслиҳат медиҳанд. Бояд гуфт, ки аксари андешаҳои табобатиеро, ки Сино дар асрҳои худ, яъне зиёда аз ҳазор сол пеш баён намуда буд, имрӯз дар асри бисту якум дар ҳаёти ҷомеа мақом пайдо намуданд. Ибни Синоро ба ҳайси мутафаккире, ки асосҳои нейрохирургияро ниҳода, дар инкишофи равоншиносӣ саҳми арзанда гузоштааст, низ шинохта мешавад. Ӯ дар бораи табъ ва хавоси инсон пешқадамтарин афкорро баён намудаст.
Ба масъалаи фалсафа ва дониши каломи бадеъ доштааш дахл намекунам, зеро аз як ҷониб ин масъала барои ҳамагон мисли офтоб равшан аст ва аз ҷониби дигар мо на онем, ки ба фалсафаи Сино бирасем.
Танҳо як ҷанбаи дигаре, ки ман роҷеъ ба Абуалӣ ибни Сино барои худам кашф кардам, яке аз бузургтарин донандагони каломи ноби тоҷикӣ форсӣ буданаш аст. Ҳанӯз аз синни хеле наврасӣ рубоиҳои пурмазмуни ин симои бузурги фарҳанги миллати ман дар зеҳни мо нақш бастаанд ва ман ҳозир ҳам онҳоро ёд дораму барои фарзандон ва наберагонам ёд медиҳам. Магар тоҷике дар ҷаҳон аст, ки ин рубоиҳоро азёд надонад:
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
*****
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.
*****
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.
*****
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.
*****
Зимни ёд аз ин рубоиҳои пурмазмуни ибни Сино ба ёди ман як байти дигере омад, ки бузурге дар ҳаққи ӯ гуфта буд:
Зиҳӣ гаҳвораҷунбоне, зиҳӣ инсони пурдоне,
Зиҳӣ шаҳри Бухоро бо ҷунин хуршеди тобоне.
Ман мегӯям, зиҳи миллати бузурги ман бо чунин хуршеди тобоне!
Шаҳсуфбекова Оимниссо Мамадназаровна-дотсенти кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика