АРТИШИ МИЛЛӢ-КАФИЛИ АМНИЯТИ МИЛЛАТ


АРТИШИ МИЛЛӢ-КАФИЛИ АМНИЯТИ МИЛЛАТ

Эй Ватан, эй кишвари озодаам,

Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам.

То ки бошам ҳамдаму ҳамрози ту,

Гаштаам Модар-Ватан сарбози ту.

Санаи 14-уми феврали соли 2025 дар кафедраи биология тиббӣ бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н.Б., чорабинии фарҳангиву ватандӯстӣ бахшида ба 23 феврал - рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи омӯзгорон Умарова О.У. саркуротори гурӯҳҳои кураторӣ ва Азимова Г.Н., н.и.б., дотсенти кафедра ва донишҷӯёни гуруҳҳои кураторӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд.

Омӯзгорон ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида чунин қайд карданд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини ҳар як давлати соҳибистиқлол қувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як давлати соҳибистиқлол кафили сулҳу субот ва бехатарии мардум аст. Артиш вазифаи бузурги мудофиави мебошад, ки меҳру муҳаббати инсонро нисбат ба Ватан боз ҳам зиёд менамояд. Бояд, ҳар як ҷавонони сарбози шуҷои кишвар, мисли сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки ҳамин фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат ба даст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд, зеро ки ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи аввалиндарачаи чавонон мебошад ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.


Рузи ман сар мешавад хар рӯз бо шеъри Ватан,

Пос дорам, мисли модар номи некат эй Ватан.

Мекунад шеъри дилошубат маро аз худ бадар,

То ба дахрам мекунад сад решапайванди дигар.

 

Дар чорабинии мазкур маърӯзаҳо, шеъру сурудҳо ва саҳначаҳои ҷолиб аз тарафи донишҷӯён пешкаш карда шуд.

 

Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н.Б.



15.02.2025 238

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php