ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ: «ШОҲНОМА»-И БЕЗАВОЛИ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ-РАҲНАМОИ ҶАВОНОН ДАР РОҲИ ХУДШИНОСӢ


 ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ: «ШОҲНОМА»-И БЕЗАВОЛИ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ-РАҲНАМОИ ҶАВОНОН ДАР РОҲИ ХУДШИНОСӢ

13 феврали соли ҷорӣ донишҷӯёни курси сеюми гурӯҳи 47-уми факултаи тиббӣ дар кафедраи фармакология таҳти роҳбарии омӯзгор Аҳророва Маҳбуба дарси кушоди тарбиявӣ ва фарҳангиро дар мавзӯи “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ-раҳнамои ҷавонон дар роҳи худшиносии миллӣ гузарониданд. Дар он оиди ҳаёт ва фаъолияти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва ашъори беҳамтои “Шоҳнома” ба ҳозирин маълумот дода шуд. 

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонист. Устод Абулқосими Фирдавсӣ зиёда аз сӣ соли умри азизашро барои офаридани ин китоби нодир сарф намудааст. Бисёре аз муҳаққиқони адабиёт қайд мекунанд, ки дар олам ягон халқ мисли халқи форсу тоҷик чунин таърихи рангини пурғановат надорад, ки тамоми таърихи ин халқро дарбар гирифта бошад. Дар тӯли ҳазораи охир ягон китоб эҷод нагардидааст, ки ба мисли «Шоҳнома» забони асосии форсии дариро нигаҳдорӣ карда бошад.

Донишҷӯёни аз эҷодиёти шоир намунаҳои беҳтаринро қироат карданд. Ҳамчунин, ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз саҳначаи достони «Рустам ва Суҳроб» аз ашъори пурмазмуни Абулқосим Фирдавсӣ пешкаш гардид.


МТИИ «Фарматсия» ва кафедраи фармакология


15.02.2025 199

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php