НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДОНИШГОҲ ДОИР ГАШТ


НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДОНИШГОҲ ДОИР ГАШТ

Имрӯз, 14-уми феврали соли равон дар бинои асосии МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ” вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишгоҳ ва сохторҳои он дар соли 2024 нишасти матбуотӣ  баргузор гардид, ки дар он ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, муовинони ректор, деканҳои факултаҳо, роҳбарони марказҳою шуъбаҳо  ва 74 нафар намояндагони ВАО иштирок намуданд.

         Роҳбарияти Донишгоҳ доир ба фаъолияти  муассисаи мазкур ва сохторҳои он дар соли 2024 маълумоти мухтасар ироа намуданд. Қобили қайд аст, ки Донишгоҳ дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ ВТҲИА ВМИ № 0000087 аз 10.06.2019 аз рӯи 5 ихтисос: «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар Донишгоҳ 13024 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад. Аз онҳо, дар факултети тиббӣ- 9074 нафар (69,7%), педиатрӣ-974 нафар (7,5%), стоматологӣ-1852 нафар (14,2%), фармасевтӣ- 483 нафар (3,7%) ва тиббӣ- профлактикӣ- 641 нафар (7,9%) донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар соли 2024 дар Донишгоҳ  ҳамагӣ 1626 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 26 давлати дунё таҳсил намуда истодаанд, ки аз инҳо дар сатҳи тодипломӣ 1602 нафар, баъдидипломии илмӣ 7 нафар, баъдидипломии муолиҷавӣ 17 нафар мебошанд.

Дар Донишгоҳ  таҳсил бо се забон - давлатӣ, русӣ, англисӣ ба роҳ  монда шудааст ва фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда 467 – 58,89%, бо забони давлатӣ таҳсилкунанда 233 - 29,38% ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда 93 - 11,73%-ро ташкил дода, донишҷӯён дар маҷмуъ дар 793 гурӯҳи академӣ таҳсил менамоянд.

Соли 2024 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро 2022 нафар хатм карданд, ки аз онҳо 1708 нафар донишҷӯёни ватанӣ ва 314 нафар донишҷӯён аз 11 давлати хориҷӣ бомуваффақият хатм карда, сазовори номи пуршарафи табиб гардиданд. Аз 1708 нафар хатмкардагони ватанӣ, тариқи буҷавӣ- 292 нафар, тариқи шартномавӣ- 1286 нафар ва тибқи квотаи Президентӣ– 130 нафар мебошанд. Аз ҷумла, факултети тиббиро 1579 нафар, факултети педиатриро 114 нафар, факултети стоматологиро 231 нафар, факултети фармасевтиро 59 нафар ва факултети тиббӣ-профилактикиро 39 нафар хатм карданд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 30 нафар (1,5%) бо ахлоқи намунавию хониши аъло бо гирифтани Дипломи аъло шарафёб гардиданд.

Зикр гардид, ки бо назардошти талаботи соҳаи тандурустии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷозатномаи фаъолияти таълимӣ 2 ихтисоси нав – “Биохимияи клиникӣ” ва “Психологияи тиббӣ”  илова карда шуд, ки қадами нав дар рушди ин соҳаҳои муҳим мебошад. Қабул ба ин ихтисосҳои нав аз соли нави таҳсили 2025-2026 ба роҳ монда мешавад.

Боиси ифтихормандӣ аст, ки дар соли ҷорӣ фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳро ба инобат гирифта, аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома сазовор дониста шуд. Агентӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро яке аз муассисаҳои пешсаф дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва ташаккулёбанда арзёбӣ намуд, ки дар қиёси 5 соли охир аз рӯи нишондодҳои Агентӣ пешравиҳои назаррас дида мешавад.

Дар соли 2024 аз ҷониби олимони Донишгоҳ амалисозии 13 лоиҳаҳои илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва 13 мавзуъҳои илмии кафедраҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар Донишгоҳ 2 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ, ки аз тарафи гранти Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад, ба роҳ монда шудааст.

Дар Донишгоҳ 2 маҷаллаи илмӣ-амалӣ- «Авҷи Зуҳал» бо забони давлатӣ, ки ба реестри КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёми Сино» («Вестник Авиценны») бо забони русӣ, ки ба реестри КОА Федератстяи Россия, КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва боиси ифтихор аст, ки маҷаллаи «Паёми Сино» («Вестник Авиценны») дар минтақаи Осиёи марказӣ аввалин маҷаллаи илмӣ-амалӣ мебошад, ки ба «Скопус» («Scopus»)  - Пойгоҳи ҷаҳонии маълумотии библиографии адабиёти илмии тақризшаванда ворид мебошад, нашр мегарданд.

Барои амалӣ ва ба тавсибрасонии созишномаҳо ва  шартномаҳои ҳамкории байнидонишгоҳӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуда, корҳои назаррасеро дар соли ҷорӣ ба сомон расонида шуданд. Дар маҷмуъ, шурӯъ аз соли 2016 то нимсолаи аввали соли 2024 Донишгоҳ бо 87 муассисаҳои илмию таълимии ҳориҷи кишвар созишнома ва қарордодҳоро ба имзо расонидааст. Дар давраи ҳисоботӣ 19 созишномаии илвагии дуҷониба ба тавсиб расонида шудаанд.

Мутобиқи банди 5.3-и шартномаи коллективӣ мунтазам ҷойҳои кории омӯзгорону кормандоне, ки зарарнок ва хатарнок мебошанд, таҳти омӯзиш ва санҷиши роҳбарият ва мутахассисони Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон қарор доранд. Комиссияи назоратӣ ҳамасола фаъолият бурда истодааст ва ба омӯзгорону кормандони 7 кафедраҳо ва ОМИТ-и Донишгоҳ барои дар шароити зарарнок фаъолият намудан аз ҳисоби маблағҳои хусусии Донишгоҳ 12% иловапулӣ пардохта мешавад.

Ҳамин тариқ, ба роҳбарият ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳ муяссар гардид, ки вазифаҳои дар соли 2024 гузошташударо иҷро намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

Сипас, бахши саволу ҷавоб оғоз ёфта, аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои сифати таҳсилот, ҳамкориҳои Донишгоҳ бо муассисаҳои дигари соҳаи тандурустии дохилу хориҷи кишвар, таъмини мутахассисони соҳаи тандурустӣ бо ҷойи кор пешниҳод гардида, посухҳои қаноатманд гирифта шуданд. Ҳамин тавр нишасти матбуотии Донишгоҳ 1, 5 соат идома ёфт.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


4
3
2
1
14.02.2025 265

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php