ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ЯКМАРОМУ ЯКДИЛЕМ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмҳо аз оқибатҳои даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон содир мегарданд, нигаронӣ карда, баҳри муқовимат ба чунин зуҳуроти хатарнок дидгоҳу назар ва афкору андешаҳои аз лиҳози илмиву амалӣ асосноки хешро баён месозанд. Ҳадаф аз таҳлилҳо ва вазифагузориҳо ба мақомоти дахлдор баҳри ҳифзу таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ мебошад. Зеро дар сурати пайдо шудани ин зуҳуроти номатлуб ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд поймол мешаванд, ки оқибатҳои нангини онро модар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дида будем.
Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон (23 декабри соли 2022) чунин иброз намуданд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳамвусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”.
Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба Тоҷикистон ва дар маҷмуъ, ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад. Объектҳои таҷовузи террористӣ ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, объектҳои таъиноти стратегӣ ва ҳаётан муҳим қарор дода мешаванд. Вақтҳои охир раванди устувори баҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои трансмиллӣ: гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва яроқ ҳамчун манбаи асосии маблағгузорӣ, дуздии одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба мушоҳида мерасад.
Дар ҷаҳони муосир бо назардошти рӯйдодҳои сиёсии солҳои охир ва ба хотири ҳимоят аз аҳдоф ва манфиатҳои хеш тамоми кишварҳо даст ба муборизаҳои бе амон задаанд. Ин бархурдҳо дар манотиқи гуногуни дунё шакл, мазмун ва муҳтавои хос ба худ касб намудааст. Аз ҷумла, барои кишварҳои манотиқи Осиё зиёд ва хеле фаъол гардидани созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тамоюлидини дошта хос мебошад, ки талош менамоянд ба ҳаёти сиёсӣ -иҷтимоӣ таъсири бештар расонанд. Ин қабил созмону ниҳодҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо ба хубӣ истифода мебаранд. Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расонаҳои иттилоотии дохилию хориҷӣ, айни замон дар сафи ҷанговарони ба ном «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия зиёда аз 1000 нафар шаҳрванди тоҷикистонӣ бо роҳҳои гуногун ба ҳайати ин гуруҳҳо шомил гардида, дар муҳори баҳои мусаллаҳона ба манфиати ашхоси бегона ҷангида истодаанд. Қисми онҳо ҷони азизи худро аз даст додаанд. Онҳо бо ин амали нангину даҳшат бори худ ба шарафу номуси давлату миллати хеш хиёнат карда, барои падару модар ва наздиконашон ғаму андуҳ оварданд. Аксарияти ҷавонони ба гуруҳҳои ифротгаро шомил гардида аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз Ватан қарор доштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол пешгирӣ ва муқовимат ба терроризм ва экстремизмро вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон дониста, барои тақвияти муборизаҳои муштарак алайҳиин зуҳуроти харобиовар тадбирҳои судманд меандешад. Мисоли равшани ин, мизбонии кишвари мо аз чанд конфронсу ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба муқовимат алайҳи терроризму экстремизм аст, ки зимни баргузории онҳо мавқеи ягона ва оштинопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанг дар мубориза бо ин зуҳурот шинохтатар шуд. Дар баробари ин ҳамаи он чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дар ҷумҳурии мо баргузор мегарданд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки фазои амну осоиштаи кишвари мо халалнопазир аст.
Холбегова Н.М., ассистенти кафедраи гистология