Рушди соҳаи маориф дар замони Истиқлол
Хушбахтона, мо Истиқлолиятро ба даст овардем ва аммо, мутаасифона ҳангоми гузоштани қадамҳои аввалин ба сӯйи соҳибистиқлолӣ дар кишвар мухолифати шадиди сиёсӣ сар зад, ки аҳамияти ин неъмати бебаҳоро аз байн бурд. Оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қариб тамоми кишварро фаро гирифта, боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид.
Дар натиҷа тамоми сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд.
Ҳамин гуна, дар баробари муайян ва амалӣ кардани роҳи сулҳи халқи тоҷик, наҷоти миллат аз гирдоби фоҷиабори ҷанг ва нигоҳ доштани киштии шикастаи Ҳукумат аз ғарқу нобудшавӣ бо ҷоннисории шахсияти барҷастаи миллат Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик дубора нафаси тоза гирифт ва аз неъмати Истиқлол баҳравар гардид.
Мусаллам аст, ки баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва наҷоти Ҳукумат аз нобудшавӣ ба рушду пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам гузошта шуд. Ҳамагон хуб медонем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаанд. Яке аз ҳадафҳои олии давлат ва Ҳукумати мамлакат пеш аз ҳама тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Масалан, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст, ки дар он бевосита худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда, ҳадафу барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба соҳаи маориф баён мекунанд ва аз наздик бо маорифчиён мулоқот менамоянд. Яъне Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Чӣ гунае, ки шоҳид ҳастем, аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.
Аз рӯйи маълумот аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Масалан, танҳо дар соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина, танҳо дар як сол зиёда аз 30 созишномаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуда, ки барои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди иншооти соҳаи маориф, рушди деҳот, сохтмону барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ равона гардидааст.
Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илму маорифро калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа медонад. Бо ин мақсад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли минбаъда бино ва ба истифода додани беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилотро ба нақша гирифтааст.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маорифро Пешвои миллат баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй меҳисобанд.
Аз рӯйи маълумот, ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки ҳамаи ин аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи бевосита доштани Ҳукумати мамлакат ба соҳаҳо, махсусан соҳаи маориф гувоҳӣ медиҳад.
Барои мисол аз рӯйи омор танҳо соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Масалан, агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тамоми шароити заруриро муҳайё кардааст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли 2022-и Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуданд, ки яке аз омилҳои пешбурди соҳаи илму маориф ба ҳисоб меравад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.
Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои кишвари мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид мекунанд, ки «Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем».
Аз ин рӯ, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамчунин, охири соли 2022 барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд.
Тибқи маълумот ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда мешаванд.
Имрӯзҳо Ҳукумат ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир намудааст, ки боиси тавсеаи бемайлони соҳа хоҳад шуд.
Имрӯз дар кишвар ғайр аз Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф 17 донишгоҳу донишкадаи олӣ ва даҳҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ бо даҳҳо кафедра, қариб 500 номзад ва доктори илмҳои педагогӣ фаъолият доранд ва аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд.
Дар баробари ҳамаи ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди муассисаҳои томактабӣ низ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаанд. Масалан, шумораи ин муассисаҳо соли ҷорӣ ба 720 расида, дар онҳо зиёда аз 105 ҳазор нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста чунин таъкид мекунанд: “Фарзандонро аз илму маориф дур насозед”, ки ҷаҳон – ҷаҳон маънӣ дорад ва шавқи сокинонро ба илму маориф бедор месозад.
Хулоса, рушди соҳаи маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки дар ин марҳала низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид.
Дар фарҷом як нуктаро таъкид менамоям: ҳоло Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат хеле зиёд мебошад.
Арабова Зулфира,
номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи физиологияи нормалӣ
Абдусатторов Темурмалик,
ассистенти кафедраи физиологияи нормалӣ