ПНЕВМОНИЯ ДАР КӮДАКОН: РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН
Пневмония яке аз бемориҳои маъмул ва ҷиддии роҳи нафас мебошад, ки дар кӯдакон метавонад боиси мушкилоти саломатии ҷиддӣ гардад. Дар кишварҳои рӯ ба рушд, пневмония сабаби асосии марг дар кӯдакони синни то 5-сола мебошад. Ҳар сол миллионҳо кӯдак ба ин беморӣ гирифтор мешаванд ва пешгирии он яке аз ҳадафҳои муҳим дар соҳаи тандурустии кӯдакон мебошад.
Сабабҳо ва омилҳои хавфи пневмония
Пневмонияро бештар бактерияҳо, вирусҳо ва камтар ҳолатҳо – замбӯруғҳо ба вуҷуд меоранд. Омилҳои хавфи асосӣ иборатанд аз:
1. Сустии системаи иммунӣ.
2. Хӯроки носолим ё камғизоӣ.
3. Норасоии ваксинаҳо.
4. Шароити номувофиқи зист (ифлосшавии ҳаво, тамокукашии атрофиён).
5. Набудани дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ.
Нишонаҳои пневмония дар кӯдакон
Нишонаҳои маъмули пневмония иборатанд аз:
- Табҳои баланд.
- Сулфа (бо ё бе балғам).
- Душвории нафаскашӣ (бо нишонаҳои нафаскашии тези шушҳо).
- Хастагӣ.
- Норасоии иштиҳо ва рафтани вазн.
Роҳҳои пешгирии пневмония
Пешгирии пневмония бояд тавассути чораҳои ҳамаҷониба амалӣ гардад, ки ба паст кардани хатари гирифторӣ ва беҳтар кардани вазъи саломатии умумӣ нигаронида шудаанд.
1. Ваксинагузаронӣ
Иммунизатсия яке аз усулҳои самараноки пешгирии пневмония мебошад. Ваксинаҳо бар зидди пневмококк, гемофилуси инфлюэнза (Hib) ва сурхча метавонанд кӯдаконро аз ин бемориҳо муҳофизат кунанд.
2. Ғизои солим
Ғизои пурғизо, аз ҷумла ширмаконии модар, дар таҳкими системаи иммунӣ нақши муҳим мебозад. Ширмаконии модар бояд то 6 моҳи аввал ягона манбаи ғизо барои кӯдак бошад.
3. Таъмини муҳити тоза
Коҳиш додани ифлосшавии ҳаво дар хона, махсусан аз сабаби тамокукашӣ ва истифодаи маводи сӯзишвории заҳролуд, хеле муҳим аст.
4. Гигиенаи шахсӣ
Ташвиқи одатҳои гигиенаи шахсӣ, аз қабили шустани дастҳо бо собун, метавонад хатари паҳншавии микроорганизмҳоро кам кунад.
5. Ташхис ва табобати саривақтӣ
Ба духтур муроҷиат кардан ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои аввалини беморӣ имкони табобати саривақтӣ ва пешгирии пешравии онро фароҳам меорад.
6. Огоҳӣ ва маърифатнокии аҳолӣ
Баргузории тренингҳо ва корҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ оид ба нишонаҳо ва роҳҳои пешгирии пневмония кӯмак мекунад, ки волидон дар вақти зарурӣ кӯмак талаб намоянд.
Хулоса. Пневмония бемории ҷиддӣ аст, ки метавонад ба ҳаёт ва саломатии кӯдакон таҳдид кунад. Аммо он бо риояи чораҳои пешгирикунанда, иммунизатсия ва беҳтар кардани шароити зист комилан идорашаванда аст. Таваҷҷуҳи бештар ба ин масъала, ҳам аз ҷониби мутахассисон ва ҳам аз ҷониби аҳолӣ, метавонад мизони бемориро коҳиш дода, ҳаёти кӯдаконро беҳтар гардонад.
Ҳотамова М.Н.-дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 ба номи профессор Аминов Ҳ.Ҷ.