ЛИБОС-ҶУЗЪИ ФАРҲАНГ
“Аҳли ҷомеаро зарур аст, ки пояҳои ахлоқии насли ояндасозро бо ташаккули афкори эҷодию созанда ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллӣ мустаҳкам созад”
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 13.01.2024 дар кафедраи забони лотинӣ мизи мудаввар бо иштироки устодони кафедра дар мавзуи “Либос-ҷузъи фарҳанг” баргузор гардид.
Мизи мудавваро бо сухани ифтитоҳии мудири кафедра н.и.ф., дотсент Мухамадиева З.А. оғоз ёфт.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқи куҳанбунёди тоҷик ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хоси муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса ҷилвагар мегардад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ҳамзамон гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ шурӯъ аз 1- уми март то 31-уми май дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдоми “Тоҷикона мепӯшем!” амалӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки ин иқдом ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад, зеро оламиён миллати тоҷикро бо фарҳанги хоси шарқиёна мешиносанду эҳтиром менамоянд.
Мо ҳамчун зан-модар омӯзгор тарбиятдиҳандаи насли ҷавон насле ки оянда посдори миллати хеш тарбия менамоем якум аз фарҳанг ва анъанаҳои милли хеш бояд огоҳ намоем. Фарҳанг ин нишон аз пойдории миллати хеш ба шумор меравад.
Ҷуъмаева Г.С.,
масъули бахши тарбияи кафедраи забони лотинӣ