БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН МУҲТАРАМ МАСЪУД ПИЗИШКИЁН АЗ ДОНИШГОҲ


БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН МУҲТАРАМ МАСЪУД ПИЗИШКИЁН АЗ ДОНИШГОҲ

Имрӯз, (16.01.2025) Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ташриф оварданд. Дар ин боздид меҳмони воломақомро Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар шахсони расмию намояндагони дуҷониб ҳамроҳӣ намуданд.

         Ба хотири истиқболи меҳмони олиқадр Донишгоҳ фазои идона ба бар карда саҳни он бо парчамҳои ду давлати дӯсту бародар, Тоҷикистону Эрон оро дода шуд. Баъд аз пазироии гарму самимӣ, доктор Масъуд Пизишкиён ва ҳайати ҳамроҳонаш бо дастовардҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон шинос шуда аз Маркази симулятсионии Донишгоҳ дидан намуданд.

         Сипас, дар толори калони Донишгоҳ сӯҳбату вохӯрии самимию ошкорои Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо ҳайати профессорону омӯзгорон, намояндагони соҳаи тандурустии кишвар ва муҳассилини Донишгоҳ баргузор гардид.

         Баъди анҷоми суханронии меҳмони воломақом Қарори Шурои олимони Донишгоҳ вобаста ба додани унвони “ПРОФЕССОРИ ФАХРӢ”-и Донишгоҳ ба доктор Масъуд Пизишкиён қироат гардида, дипломи он аз ҷониби ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода М. Қ. дар фазои тантанавӣ ба меҳмони олиқадр супорида шуд.

         Дар охири боздид Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар дафтари махсуси меҳмонони фахрии Донишгоҳ соядаст гузоштанд.

         Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Эрон дорои таъриху фарҳанги муштарак буда, ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги тоҷикон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нахустин шуда истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати “дарҳои кушод”-ро пеша намуда бо давлатҳои дуру наздик ба хотири пойдории сулҳу оромии сартосарӣ муносибатҳои дӯстонаро барқарор карда, онро аз сиёсати афзалиятноки хеш дар самти муносибатҳои байналмилалӣ қарор додааст.

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


9
8
7
6
5
4
3
2
1
17.01.2025 161

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php