ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПОЙДЕВОРИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДИРО ХАРОБ МЕНАМОЯД


ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПОЙДЕВОРИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДИРО ХАРОБ МЕНАМОЯД

Таърих нишон дод, ки танҳо ҳисси баланди худогоҳӣ ва бунёди идеяи миллӣ метавонад устувории истиқлолияти сиёсии давлатро дар мубориза бо терроризм пурқувват намояд. Бинобар ин доштани идеяи миллӣ ва амалӣ гардондани он ба истиқлолияти сиёсӣ нерӯи нав бахшида, ҳуввияти миллиро тақвият медиҳад. Зеро дар дунёи пуртаззоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Истиқлолу озодӣ қатъиян барои таҳлилу таҳқиқ ва худшиноси миллӣ заминаи босазое гузошта, дар ташаккули идеяи нави миллӣ такони ҷиддӣ дода метавонад.

         Имрӯз Тоҷикистон муборизаро бо экстремизму терроризм ҷонноктар менамояд. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025” қабул гардид. Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кушиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нури таконбахши ҳаёти мо мебошад. Аммо бунёдгароён аз эҳсосоти динии аҳолии мусулмон суистифода менамоянд ва дар ин масир моро зарур аст, ки моҳияти ҳақиқии сиёсигардонии дини исломро барои ҷавонон ошкор намоем. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ин масъала гуфта буданд, ки “мақсади мо сохтани давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мо ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонро дар риояи суннатҳои дини Ислом заррае маҳдуд намекунем. Алҳамдуллилоҳ ҳамаи мо мусулмонем, фарзу суннатҳои исломро то қадри ҳол медонем ва риоя мекунем. Анъанаҳои гузаштаи халқ, фарҳангу адаби ҳазорсолаи ниёгон дар алоқамандӣ бо суннатҳои ислом густариш ёфтааст.” Ин суханони роҳбари давлат гувоҳи он аст, ки хурофотпарастӣ метавонад ба терроризму экстремизм оварда расонад ва ба амнияти давлатҳои демократию дунявӣ зарбаи ҳалокатбор расонад.

        Ҳамин тавр, хулоса кардан мумкин аст, ки насли нави ҷавонон метавонанд, қуллаи баланди маърифатро тай намуда, дар ояндаи дур ва наздик пешрафти ватани моро таъмин намояд ва дар ин самт муҳимтарин омил омӯхтани донишҳои замонавӣ ва мубориза бурдан бо хурофотпарасӣ ва бегонапарастӣ мебошад, ки метавонад барои ҳар як шаҳрванд дар роҳи муайян кардани мавқеи шаҳрвандӣ мусоидат намояд.

 

Сафарова М. Ҷ.-муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷомешиносӣ


14.01.2025 175

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php