СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР КАФЕДРАИ ФАРМАКОЛОГИЯ


СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР КАФЕДРАИ ФАРМАКОЛОГИЯ

Дар кафедраи фармакология семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Либоспӯшӣ – ҷузъи фарҳанг» бо иштироки ҳайати устодони кафедра гузаронида шуд. Дар оғози семинар мудири кафедра дотсент Урунова М. В. зикр доштанд, ки “Чандест, ки дар саҳифаҳои матбуот мақолаву андешаҳо оиди сару либоси аҳли ҷомеа ба табъ мерасанд. Андешаҳо гуногунанд. Фарҳанг ва оини либоспушӣ мавзуест  доманадор ва бояд дар доираи як ё ду мақола маҳдуд нашуда силсилаи тадқиқотҳои арзишманд баррасӣ шавад. Боиси таассуф аст, ки аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ доир ба таъриху фарҳанги либоспӯшӣ ва мақоми он дар ҳаёти мардуми тоҷик таҳқиқоти ангуштшумор анҷом дода шудаанд. Дар таҳқиқоти ҷойдоштаи муҳаққиқони тоҷик масъалаи либоспӯшӣ, ҷанбаҳои ахлоқиву равонӣ ва эстетикии он ба сифати масъалаи меҳварӣ омӯхта нашудаанд. Ҳамзамон таъиноти иҷтимоии либос ҳамчун қонеъкунандаи ниёзҳои намояндагони табақаҳои гуногун барои ҷомеаи мо аз масъалаҳои мубрам ва дар як вақт нозук ба шумор меравад. Албатта, бояд ба инобат гирифт, ки мо дар кадом замон ва макони ҷуғрофӣ зиндагӣ мекунем, кадом арзишҳоро мепарастем, ба даъвоҳои тамаддуни муосир чӣ ҷавоб дорем ва чи гунна фарҳанг ва забони миллиро ҳифз карда тавонем. Аз ин бармеояд, ки пазироии ин ё он тарзи либоспӯшӣ, агарчи барои афроди алоҳида масъалаи начандон «доғи рӯз» бошад ҳам, муҳимияти умумимиллӣ дошта метавонад. Вобаста аз ин, ниҳодҳои ҷамъиятӣ то дараҷае дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, анъанаҳо ва меъёрҳои муносибати байни аъзоёни ҷамъият масъул низ ҳастанд. Аз ин лиҳоз, иқдоми мақомоти роҳбари соҳаи маориф, ки доир ба меъёру тарзи либоспӯшии муҳассилин пеша шудаанд, мисоли масъулиятшиносӣ шуда метавонанд. Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 таҳти рақами  14/72 «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» тасдиқ шуда буд, ки боиси вокуниши гуногунранг дар ҷомеа гардид. Либоси ягона мафҳумест, ки нисбати либоси расмии кормандони соҳаҳои алоҳидаи хидмати давлатӣ ба кор бурда мешавад. Дар аксари муассисаҳои олӣ овезаҳои махсус ҳастанд, ки сурати намунаҳои 15-20 сарулибоси писарона ва духтаронаи донишҷӯӣ вобаста ба фаслҳои сол нишон дода шудааст. Ҳадафи соҳаи маориф тарбияи инсони ҳамаҷониба инкишоф ёфта мебошад. Либоси дуруст интихобкарда барои эҷоди муҳити зарурии корӣ кӯмак мерасонад. Барои арзёбии рафтору одоби инсон либос кӯмак мекунад. Либоси роҳбарони давлат, вазирон, соҳибкорон, устодону профессорони донишгоҳҳо, кормандони идора ба ин мисол шуда метавонад. Инкишофи босуръати истеҳсолот ва ба он алоқаманд масъалаи такмили робитаҳои корӣ моро маҷбур мекунад, ки на танҳо ба омилҳои мустақим, балки ба омилҳои иловагие, боиси пешрафти кор мешаванд, таваҷҷӯҳи хос зоҳир намоем. Либоси ҳар як шахс бояд қулай ва шинам бошад. Либоси донишҷӯ низ барои ӯ бояд қулай бошад. Дар чунин либос шахс худро озодона ҳис мекунад. Пӯшидани либоси домонкӯтоҳ (миниюбка), куртаҳои нафису нимурён дар муассисаҳои таълимӣ ва маҷлисгоҳҳо қобили қабул буда наметавонад. Либосҳои ғайри тавсиявӣ муҳити таълимӣ-тарбиявиро, умуман фазои кориро халалдор месозад. Чи тавре ки олами атрофии мо тағйир меёбад, ҳамон тавр ҳам либос тағйир меёбад. Либос бо тарзи ҳаёти мо, кори мо робитаи зич дорад, аз ин рӯ вай бояд мувофиқи матлаб буда ба кори инсон, ба истироҳати ӯ кумак расонад. Аз ин ҷост, ки либоси хидматӣ бояд шинам, қулай буда ба инсон ҳангоми кор кӯмак кунад, инсонро ба низом дарорад, диққати инсонро аз кор дур накунад.

Инчунин, мутасаддӣ оиди корҳои тарбиявӣ, н.и.т., муаллимаи калони кафедра Халилова Ш.Н. қайд намуд, ки ранги интихобкардаи либос бояд оромкунанда буда, бо шароити корӣ ҳамранг бошад. Ҳангоми интихоби либос бояд дар назар дошт, ки вай ба чи кор меояд. Дар ин маврид на танҳо намуди зоҳирӣ, балки синну соли инсон ҳам нақш мебозад. Либоспушӣ низ санъат аст, ки қонуну қоида ва нозукиҳои худро дорад. Либосро пӯшида тавонистан ҳунар аст. Гуфтан мумкин аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ масъалаи интихоби либос ва риояи тарзи либоспӯшӣ то дараҷае ҳалли худро ёфтааст. Дар этикети корӣ ба намуди зоҳирии инсон таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад. Рукни асосӣ ҳангоми интихоби либос – мутобиқати комили  либос ба вақт ва шароит аст. Аз ин хотир усули асосии этикети либоспушӣ ҷиддӣ ва озодагии он аст. Дар охири кори семинар табодули афкор сурат гирифт.


Кафедраи фармакология


14.01.2025 197

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php