УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОНҲО ДАР МАШҒУЛИЯТҲО


УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОНҲО ДАР МАШҒУЛИЯТҲО

Санаи 11-уми январи соли равон дар кафедраи рентгенология ва радиология мизи мудаввар зери унвони “Усулҳои муосири таълим” бо иштироки устодони кафедраи бемориҳои дарунии №1 , бемориҳои дарунии №2,бемориҳои дарунии №3 кафедраи ҷарроҳии ҷоғу руй, оториноларингология, офталмология, урология ва устодони кафедра баргузор карда шуд.

     Кори мизи мудавварро мудири кафедра, н.и.т., дотсент Сайфиддинзода М.Б. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида аз мақсади баргузории маҳфил сухан ронд. Аз ҷумла қайд кард: “Ҳадаф аз баргузории ин семинар пеш аз ҳама таҳким бахшидан ба сифати дарс, такмили ҷанбаҳои илмӣ – методии машғулиятҳои назарӣ, амалӣ, лабораторӣ, корбасти шаклҳои нави дарс, истифодаи усулҳои фаъолу навгаро ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба ҳисоб меравад.”

Иштирокчиёни мизи мудаввар маърӯзаҳои сардори филиали намояндагии ICAP-и назди Донишгоҳи Колумбия дар Тоҷикистон, номзади илми тиб, дотсенти кафедраи онкологияи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”   Абидҷанова Нигора Нафисовна “Асосҳои таълими самаранок” , ва маърӯзаи номзади илми кимиё, докторанти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ ҶТ “Дастгоҳҳои муосири муолиҷаи шуоӣ” Саидов Вайсидин Ятимовичро бо шавқ гӯш намуданд.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби иштирокчиён ба маърӯзачиён саволҳо пешниҳод карда шуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Сайфиддинзода М.Б.-мудири кафедра рентгенология ва радиология


14.01.2025 194

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php