МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ҲАЙАТИ ШУРОИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ӮЗБЕКИСТОН ВА БАХШИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Санаи 13-январи соли 2025 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, вохӯрии муҳим ва самарабахши ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. бо ҳайати баландпояи Шурои Британияи Кабир дар Ӯзбекистон ва бахши кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ҳайатро директори Шуро, хонум Дениз Воддингхем, ва инчунин сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Кетрин Смиттон, намояндагӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, пурзӯр намудани имкониятҳои салоҳияти забондонии ҳайати омӯзгороне, ки дарсҳои худро бо забони англисӣ мегузаронанд, инчунин таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои мушаххасро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ин лоиҳаҳо ба баланд бардоштани сатҳи забондонии омӯзгорон ва донишҷӯён, ҳамзамон ба густариши имкониятҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои пешрафтаи илмӣ ва таълимии Британияи Кабир нигаронида шуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва фароҳам овардани заминаҳои нав барои рушд ва пешрафт изҳор намуданд.
Бояд гуфт, ки вохӯрӣ дар фазои хеле дӯстона, созанда ва бо рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ