ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - САБАҚИ МАЪНАВӢ БАРОИ ҶАВОНОН


ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - САБАҚИ МАЪНАВӢ БАРОИ ҶАВОНОН

Маънои Паём рамзи хушрӯзии мост,

Кафкӯбии мо нишони пирӯзии мост.

Пешвои муаззами миллат бо ироа намудани Паёми навбатӣ тамоми қишри ҷомеаро пайки тозае бахшид. Рӯ овардан ба соҳаи мактабу маориф, ҷавонон, варзиш ва амсоли инҳо моро водор месозад, то беш аз пеш саъйу талоши худро барои ба даст овардани натиҷаи назаррас равона намоем. 

    Пешвои миллат дар ҳар баромаду паёмашон бо такя ба ҷавонон таъкид медоранд, ки ҷавонони мо ояндасози ин сарзамини аҷдодиянд. Ин бовариву самимияти роҳбари давлат як нерӯи маънавӣ мебахшад ҷавонони саодатманди диёрро. Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки беш аз 42 ҳазор ҷавонони мо дар хориҷи кишвар таҳсили илм доранд. Ҷавонони замони сохибистиқлоли мо воқеан бо дарки баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ аз ҷавонони солҳои 91 фарқ мекунанд. Имрӯз ҷавонон қишри ҷудонопазири мамлакат буда, зиёда аз 70 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Таваҷҷуҳи хоссаи роҳбари давлат ба соҳаи варзиш ва номбардорони миллат равона шудааст. Дар соли 2024 як қатор дастовардҳои байналмилалии варзиширо ҷавонони мо ноил гаштанд, ки боиси хушбахтии ҳар фард тоҷик аст. Албатта,Паёми Пешвои муаззами миллат ҳамчун як раҳнамо барои ҳар як нафар ба ҳисоб меравад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки марҳила ба марҳила ба муваффақияти беш аз пеш Ватани азизамон ноил мегардад. 

    Фароҳам овардани шароити замонавӣ дар таҳсил ва фаъолияти ҷавонон дар мадҳи аввал қарор гирифта, таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии ҷавонон, дастгирии онҳо аз лиҳози моддию маънавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат мебошад. Воқеъан, ҷавонон таҳти сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат, имрӯз ба дастовардҳои илмию адабӣ ноил гашта истодаанд. 

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд: "Мо ниёз ба кадрҳо дорем, диплом зиёд, аммо мутахассиси аслӣ надорем. Майнаҳоямонро кор фармудан даркор, омӯзем, шарм кардан даркор нест. Пурсидану омӯхтан ҷойи айб нест." Дар ҳақиқат, зиракии сиёсиро имрӯз мо бояд аз даст надиҳем. Вақти холии худро ба корҳои беҳуда сарф насозем. Мо ҷавонон бояд илм омӯзем, забон омӯзем. Мо Пайравони асили Пешвои муаззами миллат буданамонро бояд ба ҷаҳониён муаррифӣ созем. Ба боварии ин марди хирад эҳтиром гузошта, насиҳатҳову раҳнамоияшонро дар масири ояндасозии зиндагӣ истифода барем. 

Сабақи маънавиро мо аз Паёми Пешвои муаззами миллат дарёфтем.

Шоираи Дилшод - донишҷӯи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, аъзои ТҶ Пайравони Пешвои миллат

 


13.01.2025 190

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php