ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ДАР КАФЕДРАҲОИ ДОНИШГОҲ


ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ДАР КАФЕДРАҲОИ ДОНИШГОҲ

Бо ташаббуси муовинати тарбияи МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки санаи 28.12.2024 ироа гардид, тибқи нақшаи тасдиқгардида санаи 09.01.2025 бо ҲПО ва ординаторони клиникии кафедраҳои бемориҳои дарунии № 2 ва эндокринологияи Донишгоҳ семинару вохӯрӣ гузаронида шуд.

Нахуст раиси Шурои занон ва духтарони Донишгоҳ н.и.с., достент Амонзода С.Б. бармад намуда, роҷеъ ба паҳлӯҳои иқтисодиву иҷтимоии Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки дар замони Истиқлоли мамлакат сатҳи камбизоатӣ сол ба сол коҳиш ёфта, буҷети давлатӣ аз сифр ба млрдҳо сомонӣ расидааст. Ҳукумати мамлакат вобаста ба боло бурдани иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақти андешида, бо мақсади боло бурдани сатҳи зиндагии шоистаи мардум чор ҳадафи стратегиро амалӣ карда истодааст. Инчунин, гуфта шуд, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат перомуни дастгирии занон ибрози назар намуда, қайд намуданд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, сардори шуъбаи тарбия доктор PhD Муродов Ш.Д. баромад намуда, қайд намуд, ки дастгириҳои Президенти мамлакат дар соҳаи маориф бағот қобили таваҷҷуҳ дониста мешавад, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат нақшаи дурнамои онро иброз доштанд, ки бо боварӣ метавон қайд намуд, ки Тоҷикистон зери сиёсати маорифпарваронаи Сарвари маҳбубаш ба ояндаи дурахшонтаре рӯ ба рӯ хоҳад гардид. Маорифро дар сиёсати худ дар ҷойи аввал гузоштани Пешвои миллат басо муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро маориф дар пешрафти ҳар давлату миллат соҳаи калидии он маърифиат карда мешавад. Дурӣ аз ин, зиён бар халқу миллат дониста мешавад. ҳамчуноне ки дар Паём гуфта шуд: “Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки Ҳукумати малакат бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро дар 5 соли оянда ба нақша гирифтааст, ки инро метавон ба пешрафти соҳаи маориф дар ояндаи наздик бесобиқа унвон кард.

Шуъбаи тарбия


13.01.2025 200

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php