ШАРҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ТАРИҚИ РАДИОИ “ФАРҲАНГ”


ШАРҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ТАРИҚИ РАДИОИ “ФАРҲАНГ”

Санаи 07.01.2025 раиси Шурои занон ва духтарони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, н.и.с., дотсент Амонзода С.Б. дар барномаи таҳлилии “Машъал”-и радиои “Фарҳанг” иштирок намуда, перомуни раванди таълиму тарбия дар мактабҳои миёнаву олии ҷумҳурӣ ва мавқеи ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар роҳандозии он, инчунин, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти худшиносии милли ҷавонон дар замони ҷаҳонишавӣ басо муфид арзёбӣ мегардад. Сиёсати Ҳукумати кишвар роҷеъ ба дастгирии ҷавонон қобили таваҷҷуҳ мебошад. Пешвои миллат дар ҳар баромаду суханрониҳояшон ҷавононро “неруи созанда” унвон мекунанд. Азбаски қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро, ки ҷавонон ташкил медиҳанду ояндаи дурахшони Ватан, маҳз, аз кору пайкори инҳо вобастагии ногусастанӣ дорад, тарбияи ин қишри ҷомеа вазифаи ҷонии на танҳо муассисаҳои таълимӣ, балки ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки мақсад ва ҳадафи асосии давлат ва ҷомеа тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва дар ин замина омода намудани мутахассисони соҳа баҳри пешрафту шукуфоии мамлакат мебошад. Ҳамаи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз, барои ҳамин нукта қабул карда шудаанд, ки дар танзими ҳаёти сиёсиву иқстисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мардуми шарифи Тоҷикистон равон карда шудааст.

 

Муовинати тарбия


13.01.2025 191

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php