СУХАНРОНИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ, ПРОФЕССОР ГУЛЗОДА МАҲМАДШОҲ ҚУРБОНАЛӢ ЗИМНИ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ БО ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН


СУХАНРОНИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ, ПРОФЕССОР ГУЛЗОДА МАҲМАДШОҲ  ҚУРБОНАЛӢ   ЗИМНИ ТАВЗЕҲИ  НУКТАҲОИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ БО ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН

Салому эҳтиром меҳмонон ва устодони азиз!

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба марҳилаи рушди таърихие ворид мешавад, ки барои он тақвияти ҳамешагии низоми посухгӯӣ ба равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию маънавии ҳаёти дохилии ҷомеа, минтақа ва байналмилалӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд. Далели ин гуфтаҳо ироаи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз он чанд рӯзе сипарӣ шудааст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои рушди давлатдорӣ аз ҳама ҷиҳат фарогири баррасии воқеъбинонаи масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ буд. Дар он тамоми паҳлуҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа таҳлилу баррасӣ шуда, дурнамои рушд ва қадамҳои навбатӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ, ки онро Президенти мамлакат таъмини зиндагии шоистаи мардум номиданд, муайян карда шуданд. Хушбахтона, новобаста аз омилҳои таъсиррасони манфии мавҷудаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пеш бурдани сиёсати дурусту дурбинона тавонист, ки пеши роҳи таъсири манфии буҳронҳои ҷаҳониро ба иқтисоди худ гирад ва низоми муназзами инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷумҳуриро таъмин намояд. Тасдиқи ин нуктаро дар нишондиҳандаи асосие, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар 28-уми декабри соли 2024 баён гардиданд, метавон дарёфт. Дар ин бора, яке аз ин далелҳо афзоиши маоши кормандони буҷавӣ дар панҷ соли охир дар ҳаҷми 100 фоиз ҳадди ақалли маош дар ҳаҷми 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба соҳаҳои дахлдор на танҳо дастуру супориш, балки роҳнамоиҳои хирадмандонаву дурандешонаро пешниҳод менамояд.

Чӣ гунае ки, медонед, солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.

Дар ин росто, дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд, ки гувоҳи ғамхории пайвастаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём бо овардани арқоми дақиқ соҳаҳои мухталифро шарҳу тавзеҳ доданд.

Ҳозирини гиромӣ!

Қобили қайд аст, ки чун қабл соҳаи маориф дар паёми навбатӣ низ дар ҷойгоҳи хос қарор дошт.

Пешвои маорифпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид, ҳамчунин, як ҷумлаи зебое ироа намуданд, ки он ин аст: “Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.” (поёни иқтибос)

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали таъсис ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Бо вуҷуди ин, ҷиҳати амалӣ кардани як қатор стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ба Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ супориш доданд, ки роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд: “Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.” (поёни иқтибос)

Қобили қайд аст, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Бояд ёдовар шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Яъне имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки ҳамаи ин нишон аз ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф мебошад.

Дар пояи ин, дар “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъзе аз мушкилиҳои соҳаи маориф низ дарҷ гардида, роҳи ҳалли онҳо чунин ба миён гузошта шуд: “Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд.

Мо соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намудем ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ додем”. (поёни иқтибос)

Устодони гиромӣ!

Дар баробари ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлатро эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия донистанд, ки ба ҳар яки мо – хусусан маорифчиён омӯзанда аст: “То вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.

Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад”. (поёни иқтибос)

Дар зимн, бояд қайд кард, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст, ки бурду бохти ин соҳа ва стратегияҳои он низ дар “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба риштаи таҳлил кашида шуд.

Дар асоси нуктаҳои Паём дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ман ҳамчун як корманди соҳаи маориф бар ин назар ҳастам, ки ин Паём баҳри боз ҳам дар сатҳи баландтар ва беҳтар муаррифӣ гардидани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва беҳтар гардидани шарту шароити зиндагӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хурд то калон, хосатан маорифчиён бо як масъулияти баланд он дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат дар паёмашон ироа намудан, сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи он дар ҳама соҳаҳои ҷомеа, бахусус соҳаи маориф талош варзем.

Ҳамин тавр, бо такя ба мантиқи воқеъбинона метавон гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи мақсаду вазифа ва дастуру ҳидоятҳои дорои аҳаммияти стратегии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷумҳурӣ соли 2025 низ ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида, фаъолияти созандаи дастҷамъонаи сокинони куҳандиёрамон ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум таъсири ҳалкунанда мерасонад. Аз ин нуқтаи назар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон санади стратегии фарогир, таҳлилу баррасикунандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъминкунандаи дурнамои рушди устувори давлат унвон намуд.

Ташаккур, саломат бошед, устодони азиз!


13.01.2025 189

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php