ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ
Санаи 09.01.2024 муовини ректор оид ба тарбияи МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» Аҳрориён З.А. ва профессори кафедраи онкология Сангинов Ҷ. Р. ҷиҳати шарҳу тафсир ва таблиғи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар барномаи таҳлилии телевизиони «Тоҷикистон» ширкат варзида, роҷеъ ба нуктаҳои ҷудогонаи Паёми навбатӣ, бахусус самти маорифу тандурустӣ, ибрози назар намуданд.
Соҳаи маориф, ки дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат нақши калидиро мебозад, дар Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Дастгириҳои Ҳукумати кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф бесобиқа унвон мешавад. Сарвари давлат аз рӯзҳои нахусти роҳбарӣ иброз дошта буданд, ки: «Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам». Бунёди мактабҳои наву замонавӣ дар замони Истиқлол ва таъсиси макотиби олӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин, қабули як қатор қонунҳову барномаҳои стратегӣ дар соҳаи маориф далели раднопазири ин нукта аст. Инчунин, бояд гуфт, ки соҳаи тандурустӣ низ зери сиёсати Пешвои муаззами миллат ба пешрафтҳои зиёде рӯ ба рӯ шуда омада истодааст, ки дар беҳдошти саломатии миллат басо назаррас унвон мешавад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бунёди як қатор муассисҳои тиббӣ ва мактабҳои олӣ барои омода намудани кадрҳои соҳаи тандурустӣ аз ғамхории давлату Ҳукумат, хоса Сарвари он маҳсуб мешавад.
Шуъбаи тарбия