ПАЁМИ ПЕШВО – РАВШАНГАРИ РОҲИ ФАРДО
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки санаи 28.12.2024 ироа гардид, аз вижагиҳои хос иборат буд, ки ҳамагӣ барои пешрафту шукуфоии соҳаҳои ҳаётан муҳими давлату миллат ва халқи тоҷик равона гардидааст.
Пешвои миллат дар оғоз аз вазъи номусоиди ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдоварӣ намуда, иброз доштанд, ки нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба соҳаҳои гуногуни кишвар, бахусус иқтисодиёти мамлакат тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Маҳз, дар ин заминаи амнияту сулҳу субот, ки дар он ҳадафҳои рушди стратегии мамлакат амалӣ карда мешаванд, барои ҷомеаи Тоҷикистон басо муфид ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем, зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон – гуфтаи Сарвари давлат ин нишон аз ғамхории падарона нисбат ба халқу миллат мебошад.
Пешвои миллат ҳанӯз дар оғози ба сари қудрат омадан роҷеъ ба масъалаи маорифи мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳар баромаду вохӯриҳояшон иброз дошта буданд, ки «Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам», «Наҷоти мардум дар маърифат аст», «Бе маориф як қадам ба пеш гузошта наметавонем». Маҳз, таваҷҷуҳи роҳбари мамлакат дар ин самт буд, ки имрӯзҳо Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба пешрафтҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда омада истодааст. Дар таърихи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатдории тоҷикон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми маориф ва илм муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омад, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Албатта, соҳаи илму маориф низоми калидии пешрафту тараққиёти давлату миллат мебошад, ки бад-ин васила сатҳи донишу маърифатнокии аҳолӣ баланд ва мустаҳкам карда мешавад.
Дар Паёми имсола низ перомуни соњаи маориф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус равона карда шуд. Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Таъкид гардид, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.
Хушбахтона, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар Паём зикр гардид, ки агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Инчунин, Ҳукумати мамлакат дар самти бунёди мактабҳои олӣ ва омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун диққати аввалиндараҷа равона намуда, дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар 35 мактаби олӣ бо талаботҳои замони муосир ба истифода дода шуд. Бояд зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ то соли 1991 танҳо 13 мактаби олӣ фаъолият мекарду халос.
Инчунин, ба нақша гирифтани бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар 5 соли оянда нишон аз ғамхории Ҳукумати мамлакат, ба хусус, Пешвои маорифпарвари он шумурда мешавад.
Баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки барои бедории афкори худшиносии миллӣ ва завқи китобхонию маърифатдӯстии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва пос доштани фарҳангу тамаддуни асили тоҷикӣ аҳамияти хос дорад, бо супориши бевоситаи Пешвои миллат 6 сол боз ҷараён дорад.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат дар соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Иброз гардид, ки бунёди бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, ки кормандони он дар шароити бисёр номусоид фаъолият мекарданд, инчунин, биноҳои ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар вилояти Хатлонро бо беҳтарин шароит бунёд карда, ба истифода додем.
Ғамхории Сарвари маҳбуби тоҷикон дар самти тандурустӣ бағоят назаррас мебошад. Даҳҳо беморхона ва дигар муассисаҳои тиббї, ки 70 – 80 сол пеш сохта шуда буданд, таҷдиду азнавсозӣ шуда њамзамон бо таҷҳизоти замонавӣ муљањњаз гардиданд. Инчунин, дар ин самт дар Паём зикр карда шуд, ки дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд.
Ҳукумати мамлакат зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон низ қобили таваҷҷуҳ дониста мешавад. Пешвои миллат пайваста дар баромаду суханрониҳояшон ба ин қишри ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ҷавононро неруи созанда унвон кардаанд. Дар Паёми имсола низ иброз доштанд, ки мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.
Оморҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар, маҳз, ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳои беназири Пешвои миллат ҷавононро мебояд, ки дар ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Дастгириҳои пайвастаи бесобиқи Пешвои миллат дар самти фаъолияти занон дар ҷомаеи мамлакат басо назаррас буда, дар Паёми имсола низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Сарвари давлат нисбати ба зан-модар эҳтироми хоса доранд. Дар Паём гуфта шуд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.
Бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ, воқеан, боло рафтааст. Фаъолияти занон дар мамлакат дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа имрӯзҳо назаррас аст. Гуфта шуд, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем. Бовар дорем, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Аз ин хотир, бонувони тоҷикро мебояд, бо шукргузори аз ин давлату миллати обод ва сарвари ғамхор ҳар чӣ бештар бо масъулияти том пайи фаъолияти боз ҳам беҳтар гардида, дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми бориз гузоранд.
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои муҳими кишвар нақши калиди дошта, баҳри боз ҳам беҳтар гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳамияти хос бархурдор аст. Чуноне ки дар интиҳои Паём Пешвои миллат баён доштанд: «Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам».
Аҳрориён З.А.-муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ