ДАСТОВАРДҲО ДАР СОҲАИ ФАРМАТСИЯ НАЗАРРАСАНД
Фарматсия яке аз муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Қобили зикр аст, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ҷиҳати коркарди растаниҳои шифобахши кишвар ҳанӯз аз соли 2016 дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия” фаъолият дорад. Сипас, 18-уми августи соли 2021 барои густариш додани фаъолияти маркази мазкур бинои нави замонавӣ бо тамоми таҳҷизоти муосири дорутайёркунӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва собиқ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода дар фазои тантанавӣ ба истифода дода шуд. Марказ аз шуъбаи бо дархост тайёр намудани маводҳои доруворӣ, шуъбаи истеҳсоли қурсҳо ва ғилофакҳои мулоим ва басту банди онҳо, бахши иттилоот оид ба маводи доруворӣ, шуъбаи ҷомъоварӣ, коркард ва басту бандкунии растаниҳои шифоҳӣ, лаборатория барои гузаронидани таҳлилҳои аналитикию химиявӣ, ҳуҷраи автоклавкунонӣ, ҳуҷраи истеҳсол ва қабули оби муқаттар, ҳуҷраи шустушӯи зарфҳо ва ҳуҷраи экспедитсионӣ иборат мебошад.
Дар баробари истеҳсоли маводҳои доруворӣ Марказ барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи амалии донишҷӯёни бахши фармасевтӣ низ корҳои назаррас ба анҷом мерасонад. Дар маркази номбурда аз фанҳои ботаника, анатомияи растаниҳо, технологияи дорусозӣ, асосҳои роҳбарӣ дар соҳаи фрматсия, захирашиносӣ, маркетингу менеджмент дар фарматсия, молшиносии фарматсевтӣ, ташкилу иқтисоди фарматсия, химияи фарматсевтӣ ва фармакология машғулиятои амалӣ ба роҳ монда мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Марказ таҳти роҳбарии олими ҷавону умедбахш, номзади илмҳои фарматсевтӣ, дотсент Сафарзода Рамазон Шарофиддин кору фаъолият дошта, дар 21 кафедраи он мутахассисони кордон ва ҷавонони корозмуда фаъолияти таълимию илмӣ пеш бурда истодаанд. Бо ифтихор номи устодони собиқадору соҳибтаҷрибаи бахши фаарматсевтӣ, олимони вазидаи тоҷик Назаров М. Н., Халифаев Д. А.(руҳаш шод бод), Раҷабов У. Р., Раҷабов Г. О., Юлдошева У. П., Қаландарзода Ё. Қ. ва мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳа Борониев Н. С. зикр кардан зарур аст, ки тавонистанд дар муҳлати кутоҳ ин соҳаи афзалиятнокро рушд диҳанд. Маҳз таҳти роҳбарии олимони болозикр ҷавонони муваффақи бахши мазкур-Сафарзода Р. Ш., Наврузода Г. Ф, Шарипов Ш. рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, имрӯз фаъолияти содиқонаро дар ин самт пеш бурда истодаанд. Натиҷаи заҳматҳои ҳамаҷонибаи мутахассисони бахши фарматсия даст дод, ки соли гузашта донишҷӯёни курси 3-юми факултети фарматсевтӣ дар V -умин Олимпиадаи байналмилалии “Самарқанд-2020”, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид иштироки фаъолона намуда, Юнусов Асомиддин сазовори ҷойи якуми аз фанни химияи фарматсевтӣ, Давлатова Фариза- сазовори ҷойи якум аз фанни химияи органикӣ ва Фотимаи Аҳсани Хайрободӣ -сазовори ҷойи дуюм аз фанни химияи заҳршиносӣ гардиданд. Ин натиҷаи фараҳбахши олимпиадаро дастоварди калони омӯзгорони кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ дар соли гузашта номидан мумкин аст.
Садорати факултети фарматсевтӣ зери роҳбарии олимаи нуқтасанҷ, педагоги варзида, номзади илмҳои тиб, дотсент Юлдошева У. П. фаъолияти факултаро ба баланд бардоштани сифати таълиму таҳсилот равона намуда, дар омода намудани мутахассисони ояндадори соҳаи фарматсевтӣ саҳми аразанда гузошта истодааст. Мақолаҳои илмию оммавии омӯзгорони кафедраи фармакология вобаста ба хусусиятҳои шифобахшии растаниҳои кишвар дар баробари чоп гардидан дар маҷаллаҳои илмии ватанию хориҷӣ дар сомонаи расмии донишгоҳӣ ва АМИТ “Ховар” пайваста ба табъ мерасанд.
Дар умум фаъолияти назарраси бахши фаратсевтӣ дар соли гузашта боиси таҳсин буда, дар гузориши мухтасар наметавон фаъолияти пурраи онро дарҷ кард. Атрофи фаъолияти дорутайёркунӣ дар Марказ ва тайёр намудани мутахассисони соҳа дар факултети фарматсевтӣ ба таври муфассал дар ояндаи наздик гузориш хоҳем дод.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ
ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ