ДУШАНБЕ- ГАВҲОРАИ ЭҲЁИ МИЛЛАТ
Оре, Душанбе ҳамчун шаҳри зебоманзар, ки дорои хиёбону гулгаштҳои фароху бавусъат, хонаҳои баландошёнаи мунаққаш, коху қасрҳои миллӣ, биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва боғҳои фароғатии сарсабзу шукуфон мебошад, ҳамчун ҷойгоҳу саҷҷодаи меҳру муҳаббат, зебоиву нафосат ва сидқу самимият мақоми арзандаеро ишғол мекунад. Пойтахти Тоҷикистони офтобрӯя рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ, сол ба сол зеботару обод ва пурҷозиба мегардад. Таҳқиқоти анҷомдодаи муаррихон ва бостоншиносон гувоҳӣ медиҳанд, ки Душанбе таърихи зиёда аз 2000 сола дород. Шаҳри Душанбе дар даврони Шуравӣ хеле рушд ёфта, дар ҳудуди он биноҳои донишгоҳу донишкада ва омӯзишгоҳу коллеҷҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, кинотеатру театрҳо, меҳмонхонаю китобхонаҳо бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Хусусан соҳаи илму маориф ба таври бесобиқа такомулу инкишф ёфтанд, ки дар ин ҳама пешравию дигаргуниҳо саҳми фарзандони барӯманди кишвар устод Саддридин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода хеле бузург аст. Вале рӯйдодҳои охири солҳои 90-уми асри XX, бенизомӣ, дар майдонҳо ҷамъ омадани одамон ва ниҳоят бо иғвою дасисаи мансабталошону қудратталабон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шудани мамлакат ба решаи ободкорию пешрафтва сулҳу амон зарбаи ҳалокатбор ворид сохт. Табиист, ки ин ҷангу хунрезиҳо раванди бунёдкорию созандагиро дар ҷумҳурии тоза ба истиқлолрасида боздоштанд. Душанбе макони ноором ва ҷангу набард қарор гирифта, идораи давлатдорӣ фалаҷ гардид. Хушбатона, баъди Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат интихоб шудани фарзанди фарзонаю иродатманди Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст пеши ҷангу хунрезиҳоро гирифта, сипас сулҳу ваҳдат дар кишвар таҳким ёфт ва ин ҳама замина гардид барои ба роҳ мондани зиндагию бунёдкориҳо. Бунёди сохтмонҳо дар кишварамон марҳила ба марҳила рушд ёфт корҳои созандагӣ густариш пайдо карданд. Ногуфта намонад, ки аз он айёмҳои таърихии даҳшатбор 33 сол сипарӣ шуд. Дар пешрафту ободии кишвар Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷаста доранд. Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол бо маҷмааи варзишиаш “Шаҳри Солим”, бо бунёду корхонаҳои муосир “ Шаҳри иқтисоду сабз”, бо биноҳои наву замонавӣ “Шаҳри дилоро”, бо гулбоғу хиёбонҳои гулрез “Шаҳри гулҳо”, бо пайкорӣ ҷавонон дар баргузории фестивалҳо “Шаҳри ҷавонӣ”, бо тарғибу ташвиқи омӯхтан макони ”Фуруғи субҳи доноӣ” , макони “Илм фуруғи маърифат”, бо нишон додани маҳорату истеъдод “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Шаҳри дилҳо” тавсиф мешавад. Дар арсаи ҷаҳонӣ бо номи “Шаҳри сулҳ” ва “Шаҳри сайёҳӣ” шинохта шудааст.
Сафарова С.Р.-ассистенти кафедраи гистология